ВАРЗИШ

Иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё

21.07.2014 11:16

fifa tjҲайати ниҳоии дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-14), ки аз 4-ум то 13-уми августи соли равон дар шаҳри Ҳамадонии Эрон дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё ширкат мекунад, эълон шуд.

Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсиони футболи кишвар хабар додааст, Раҷаб Расулов, сармураббии мунтахаби наврасони кишвар ба рӯйхат 21 бозингарро дохил кардааст. Ҷамъомади таълимиву тамринии даста аз 20-ум то 25-уми июл дар шаҳри Норак баргузор мешавад.

МУФАССАЛ...

 

Мусобиқаи байналмилалии гӯштини дзюдо дар Белоруссия

04.07.2014 15:23

VarzДар доираи омодагиҳо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ 12-нафар варзишгарони тоҷик аз намуди гӯштини дзюдо ҷиҳати ширкат дар машқҳои таълимиву тамринӣ дар исторатгоҳи Белиничии Ҷумҳурии Белоруссия сарфарбар гардиданд.

Тавре дар ин бора сомонаи Федератсияи дзюдои кишвар хабар медиҳад, тамринҳои варзишгарони тоҷик то 17-уми июли соли равон идома мекунад. Чунин омодагиҳо ба варзишгари тоҷик Фаррухи Салим як марҳилаи тайёрӣ ба дуюмин Бозиҳои Олимпии наврасон, ки дар Нанкини Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор мегардад, ба ҳисоб меравад.

Барои дигар варзишгарони навраси тоҷик бошад, омодагӣ ба Чемпионати Осиё байни наврасон, ки моҳи декабр дар Гонконг сурат мегирад, мебошад.

 

Ғалабаи якуми ССКА «Помир»

16.06.2014 11:43

futДастаи ССКА «Помир» - и пойтахт бо ҳисоби 2:1 бар қаҳрамони амалкунандаи кишвар «Равшан» - и шаҳри Кӯлоб ғолиб омад.

Тавре  аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд,   дар вохӯрии асосии   даври   8- уми мусобиқоти лигаи олии Тоҷикистон пешсафи мусобиқот дастаи «Истиқлол» - и шаҳри Душанбе дар майдони худ бо ҳисоби 5:1   бар дастаи «Хайр» - и шаҳри Ваҳдат ғалаба кард.

Вохӯрии байни дастаҳои «Хуҷанд» - и шаҳри Хуҷанд ва «Парвоз» бо ҳисоби 3:3   мусовӣ шуд.

 
 

Тоҷикистон- Эстония: бозии дӯстона

02.06.2014 10:23

FIFA TДастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон 31 май омодагиро ба бозии дӯстона бо мунтахаби Эстония шурӯъ кард.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста 22 бозингарро, ки дар байни онҳо танҳо як легионер - Давронҷон Эргашев, ҳимоятгари бошгоҳи «Габала»-и Озарбойҷон мебошад, даъват кардааст.

МУФАССАЛ...

 

Мусобиқаи таэквон-до WTF дар Тошканд

27.05.2014 13:12

tekdДастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи XXI қаҳрамонии Осиё оид ба таэквон-до WTF, ки дар Қасри варзиши “Ӯзбекистон”-и Тошканд 25-уми майи соли равон шурӯъ шуд, ширкат дорад.

Тавре ки дар ин бора Федератсияи таэквон-до ВТФ-и Тоҷикистон хабар додааст, дар ин мусобиқаи қитъавӣ, ки дар пойтахти Ӯзбекистон то рӯзи 28-уми майи соли равон идома хоҳад кард, 542 варзишгар аз 34 кишвар рақобат мекунанд.

МУФАССАЛ...

 
 

Саҳифаи 7 аз 9

Back to Top