Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) тасмим дорад, ки якчанд лоиҳаи қарздиҳии «сабз»-ро дар доираи Нақшаи чорабиниҳои «Шаҳри сабзи Душанбе» ва дастгирии соҳибкорӣ ва савдои занон ба имзо расонад. Хамкории дуҷониба оид ба рушди нақлиёти шаҳрӣ, барномаҳои сармоягузорӣ ва афзоиши иқтидори шаҳр, фароҳамсозии шароит барои ояндаи беҳтару устувори шаҳри Душанбе ва сокинони он, сохтмони роҳу эстакадаҳо ва дигар самтҳо идома доранд.
Тавре аз шуъбаи кор бо сармоягузорони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дар мавриди дурнамои ҳамкориҳо бо ин ниҳоди молиявӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, яке аз лоиҳаҳое, ки мавриди татбиқ қарор дорад, ин «Лоиҳаи беҳтар намудани нақлиёти ҷамъиятӣ» мебошад.
Дар доираи Лоиҳаи сармоягузории «Сохтмони роҳи Душанбе – Турсунзода – сарҳади Узбекистон» низ саҳми БАТР назаррас буда, барои сохтмони эстакадаҳои дусатҳа ва сесатҳа дар шаҳри Душанбе мусоидат намуд. Дар ояндаи наздик ин ҳамкориҳо дар сохтмони эстакадаҳои нав дар кўчаву хиёбонҳои пойтахт натиҷаи худро хоханд дод. Дар давоми 30 соли охир ҳамкорӣ бо БАТР дар соҳаи нақлиёт натанҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд ва дар умум 288 млн. долларро ташкил дод ва яке аз лоиҳаҳое, ки татбиқаш идома дорад «Сохтмони роҳи Обигарм-Нуробод» мебошад, ки аз соли 2021 оғоз гардидааст.
Рушди инфрасохтори шаҳрӣ, алалхусус низоми таъминоти оби ошомиданӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ аз самтҳои дигари ҳамкорӣ буда, холо Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» бо маблағгузории 15 млн. евро татбиқ мегардад. Лоиҳа бояд соли 2025 ба анҷом расад ва шароити бо обтаъминкунии аҳолии шаҳри Кӯлоб ва минтақаҳои шаҳр шабонарузӣ бо оби мутамарказонидашуда беҳтар карда шавад. Дар доираи ҳамкорӣ бо БАТР КВД Хоҷагии манзилию коммуналӣ лоиҳаи нави «Барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии ноҳияи Данғара ва шаҳри Бохтар»-ро мавриди баррасӣ қарор додааст ва баъди ба имзо расидани созишнома шабакаҳои обтаъминкунӣ таҷдид ва барқарор карда мешаванд.
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бо Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб ҳамкориро ба роҳ монда, маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда ва анҷомёфта дар доираи 168 лоиҳа маблағи умумии 1 млрд. долларро ташкил медиҳад.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”