11 апрели соли 2024 мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо мудири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ доктор Тедрос Адханом Гебрейесус баргузор гардидааст.
Тавре сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои Тоҷикистон ва СҶТ, дастовардҳои муштарак дар соҳаи тандурустӣ марбут ба Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои тандурустиро мавриди баррасӣ қарор доданд.