Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи илмӣ – таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот” – и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Вазъи таҳқиқи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар чорабинӣ фарҳангшиносон, устодону профессорон ва кормандони Маркази мероси фарҳангии тоҷикони “Пажуҳишгоҳи илмӣ – таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот” иштирок намуда, як қатор масъалаҳои матбут ба мероси фарҳанги ғайримоддии кишварамонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар оғози чорабинӣ Шариф Комилзода номзади илмҳои педагогӣ дар мавзуи “Зарурияти таъсиси Маркази мероси фарҳангии тоҷикон ва самтҳои фаъолияти он” суханрони карда қайд намуд, ки заминаҳои таъсиси Маркази мероси фарҳангии тоҷикон дар назди “Пажуҳишгоҳи илмӣ – таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот” ин аввалан шомил гардидани ҶТ ба конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар соли 2010, Қарори Ҳукумати ҶТ дар бораи тасдиқи барномаи давлатии шашмақом дар соли 2015 ва баъдан иштироки кормандони пажуҳишгоҳ дар вохӯрии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар мебошад. Ба таъкиди ӯ марказ соли 2017 ташкил гардида, то имрӯз барои шомил гардидандани якчанд мероси фарҳанги ғайримодии тоҷикон ба феҳристи ЮНЕСКО саҳми арзанда гузоштааст.
Дар идома Нозим Нуров роҳбари Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Фарҳанги миллӣ ва шароити ояндабинӣ” маърӯза хонда, иброз намуд, ки фарҳанги миллии мо аз ибтидо доимо бо хатарҳо гирифтор буд ва ин ҳолат то имрӯз тамом нашудааст ва ҳатто воситаҳои нави зарба задан ба фарҳанги мо пайдо шудааст. Аз ин хотир моро лозим аст, ки бар зидди ин ҳамлаҳо мубориза барем, илова намуд Нозим Нуров.
Ҳамчунин дар идомаи мизи мудаввар Неъматулло Акбаров муовини Сармуҳаррири Сарредаксияи илмӣ Энсиклопедияи миллии тоҷик дар мавзуи “Вазъи интишори Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” баромад карда, гуфт, ки “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” то имрӯз 8 нусхаи китоб ба нашр расида, дар бораи мероси фарҳанги моддию маънавӣ, ҷашнҳои миллӣ, таъомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии миллатамон маълумот медиҳад ва ҳайати эҷодии Энсиклопедияи миллии тоҷик нақша доранд, ки ҷилдҳои баъдии ин китобро дар мавзуи бозиҳо ва варзишҳои суннатии миллатамон ба нашр расонад.
Дар анҷоми мизи мудаввар дар мавзуи “Вазъи таҳқиқи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” миёни иштирокчиён доир ба мероси фарҳанги ғайримоддии кишварамон ва омода намудани руйхати нави онҳо барои шомил гардидан ба феҳристи ЮНЕСКО мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”