ТАМДИДИ МУҲЛАТИ ДАВРАИ ЯКУМ (АСОСӢ)-И БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД-2024

Ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2024 расонида мешавад, ки муҳлати давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои зерин то 2‑юми май дароз карда шуд.

Аз ин лизоҳ, ба шахсони хоҳишманди номнависӣ барои иштирок дар ИМД-2024 тавсия медиҳем, ки ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ заруриро пешакӣ омода ва дар нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ҳозир шаванд. Бо мақсади шиносоӣ ва роҳнамоии довталабон дар сомонаи Марказ маълумоти оморӣ оид ба интихоби комбинатсияҳои ихтисосҳо ҷойгир карда шудааст. Вобаста ба ин, шахсони хоҳишманди номнависӣ барои иштирок дар ИМД-2024 ҳангоми интихоби ихтисосҳо аз ин маълумот метавонанд истифода кунанд.

Лозим ба зикр аст, ки тибқи нақшаи фаъолияти Марказ давраи дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2024 аз 10-ум то 30-юми июн ба роҳ монда мешавад. Шахсони хоҳишманди номнависӣ барои иштирок дар ИМД-2024, ки дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ худро сабти ном карда наметавонанд, имкон доранд, ки дар давраи дуюм худро номнавис кунанд.

РӮЙХАТИ

нуқтаҳои бақайдгирӣ (НБ)-и шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо муҳлати давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2024 то 2-юми май тамдид карда шуд

Р/тРақамиНБМуассиса/сохтори мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, ки дар заминаи он НБ ташкил карда мешавад
 номнишонӣнуқтаи роҳнамо (ориентир)
Шаҳри Душанбе
1.01/01Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70-и ба номи 15-солагии Конститутсияи Тоҷикистони ноҳияи Исмоили Сомонӣшаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, 15шаҳраки донишҷӯёни ДМТ
2.01/02Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ба номи Убайд Раҷаби ноҳияи Синошаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 59беморхонаи “Қаряи боло”
3.01/03Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56-и ноҳияи Синошаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ, 67абозорчаи “Дӯстӣ”
4.01/04Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24-и ноҳияи Фирдавсӣшаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ, 61бозори “Саховат”
5.01/05Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100-и ноҳияи Шоҳмансуршаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17маркази савдои “Ёқут‑2000”
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
6.01/06Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и ба номи Аҳмади Дониши шаҳри Ваҳдатшаҳри Ваҳдат, кӯчаи Сомониён, 73маркази ноҳия
7.01/07Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 98-и шаҳри Турсунзодашаҳри Турсунзода, маҳаллаи 3-юммаркази савдои “Ветеран”
8.01/08Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳри Ҳисоршаҳри Ҳисор, кӯчаи Варзишгарон маркази шаҳр
9.01/09Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи Хоҷа Абдулхайрови ноҳияи Раштноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 27 маркази ноҳия
10.01/10Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ноҳияи Рӯдакӣноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён, кӯчаи Ҷавонон, 26маркази ноҳия
Вилояти Суғд
11.02/01Гимназияи № 24-и ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Хуҷандшаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19-уммаҷмааи “Баҳори Аҷам”
12.02/02Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимови шаҳри Хуҷандшаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат)
13.02/06Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Набӣ Каримови шаҳри Панҷакеншаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, 208маркази шаҳр
14.02/07Шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣноҳияи Айнӣ, деҳаи Айнӣ, кӯчаи Рӯдакӣ, 32 маркази ноҳия
Вилояти Хатлон
15.03/01Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и шаҳри Бохтаршаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35боғчаи кӯдаконаи № 10
16.03/02МТМУ № 9-и ба номи Александр Муминови шаҳри Бохтаршаҳри Бохтар, кӯчаи Кайҳоннавардон, 22бинои иттифоқи касабаи кормандони вилояти Хатлон
17.03/04Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳри Кӯлобшаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (рӯбарӯйи боғи фарҳангӣ)
18.03/05Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и ба номи Давлаталӣ Назарови шаҳри Кӯлобшаҳри Кӯлоб, кӯчаи Даминзода, 385корхонаи “Сомон таҷҳизот” (собиқ КОЗТО)
19.03/07Муассисаи таълимии “Мактаб‑интернати кӯдакони ятиму бепарастор”-и ба номи Мирзо Сатторови ноҳияи Вахшноҳияи Вахш, ҷ/д Вахш, кӯчаи Абдулваҳоб Холиқовполиклиникаи №1
20.03/09Литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотуни ноҳияи Данғараноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30шуъбаи маориф
21.03/18Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ноҳияи Ҳамадонӣноҳияи Ҳамадонӣ, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 128абеморхонаи марказӣ
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
22.04.01Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоевшаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, 28 ҳукумати вилоят