Рўзҳои 25-26 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар конференсия аз ҷумла, масъалаҳои вобаста ба таҳлилу мониторинги ҳамаҷонибаи вазъи кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои амнияти об, инчунин таҳия ва пешбурди механизму воситаҳои оптималии ҳавасмандгардонии ин раванд муҳокима гардиданд. Дар Конфронс олимону коршиносон, масъулини вазорату идораҳои дахлдор аз Тоҷикистон ва давлатҳои Казоқистон, Узбекистон, Туркманистон Кирғизистон, ИМА, Нидерландия ширкат варзиданд. Аз ҷониби коршиносон зикр гардид, ки Осиёи Марказӣ аллакай зери таъсири тағйирёбии иқлим қарор гирифтааст, ки ин боиси норасоии неруи барқ ва об мегардад. Тавре таъкид гардид, Осиёи Марказӣ аллакай зери таъсири тағйирёбии иқлими дунявӣ қарор гирифтааст, ки ин боиси норасоии неруи барқ ва об мегардад. Дар натиҷаи хушкшавии баҳри Арал тавре таҳлили солҳои охир нишон медиҳад, бодҳо намакҳоро аз қаъри ин баҳр ба пиряхҳои баландкӯҳи минтақаи Помир, ки макони асосии ташаккули захираҳои оби Осиёи Марказӣ мебошанд, мебарад. Ин ба обшавии пиряхҳо дар баландкӯҳҳои минтақа суръат бахшида, ба амнияти об хатари иловагӣ мегардад. Ҳамчунин дар мамлакатҳои дорои рӯдхонаҳои фаромарзӣ ва сохтмони идомаёбанда ва дар пешистодаи иншооти нави бузурги ирригатсионӣ метавонад дастрасиро ба об дар Осиёи Марказӣ коҳиш диҳад.
Дар ҷаласаи пленарӣ иштирокдорон мавзуъҳои «Равишҳои нав ба идоракунии амнияти обу энергетикӣ дар шароити тағйирёбии иқлим», «Таъмини устувории тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ тавассути эҷоди барномаи таълимӣ оид ба идоракунии захираҳои об», «Офатҳои табиии марбут ба пиряхҳо ва захираҳои об», «Санъати дипломатӣ барои ҳалли мушкилоти обу энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ», «Мушкилоти тақсими захираҳои об ва истифодаи дурусти онҳо», «Ҳолати кунунӣ ва роҳҳои имконпазири танзими захираҳои обии фаромарзии Амударё» ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҳудуди Осиёи Марказӣ сарчашмаҳои гуногуни оби ошомиданӣ мавҷуд буда, истифодаи оқилона ва самараноки он ба манфиати сокинони минтақа мебошад, – таъкид гардид дар Конфронс. Хамчунин истифодаи об ҳамчун манбаи энергияи сабз метавонад мушкилотро каме ҳам бошад, бартараф намуда, барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ё камтар намудани таъсири он мусоидат намояд. Об на танҳо манбаи ҳаёт аст, балки манбаи рушди иқтисоду ҷомеа маҳсуб меёбад. Маҳз тавассути об тамоми соҳот сар карда аз кишоварзӣ, то ба энергетикаву сохтмон ва саноат пеш меравад ва дар баробари ин зиёдшавии аҳолии ҷаҳон мушкилоти вобаста ба таъминоти бо обро боз ҳам бештар мекунад. Имрӯз проблемаи об ҷаҳонӣ асту онро дар алоҳидагӣ наметавон ҳал намуд. Ва маҳз ин ҳамаро ба назар гирифта ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аҳли башар дастгирӣ намуданд ва то ба имрӯз дар ин самт ҳамкориҳо идома дорад. Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» низ маҳз ба хотири рушди ҳамкориҳо буд.