Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аввалин бор 10 феврали соли 2024 пешниҳод намуд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф карда шавад ва дар Созмони Милали Муттаҳид тавассути қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Рӯзи ҷаҳонии Футбол» расман эълон гардад. Дар робита ба ин, рӯзи 7-уми майи 2024 зимни ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии футболро”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Баҳрайн ва Давлати Ливия таҳия ва пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Дар робита ба ин масъала бо ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов суҳбат намудем.
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд. Сараввал доир ба аҳамият ва дурнамои ин ташабус мегуфтед.
– Рӯзи 7-уми май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон намудани “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд. Бешубҳа, ин як санаи таърихӣ аст. Ин як воқеаест, ки дар таърихи варзиш ва футболи Тоҷикистон бо ҳуруфоти зарин сабт хоҳад гардид. Боиси ифтихори ҳар як фарди сарзамин аст, ки ташаббуси навбатии Тоҷикистон, мақоми ҷаҳонӣ пайдо кард. Бояд гуфт, ки соли 2024 барои футболи тоҷик воқеан ҳам соли таърихӣ аст. Аз дастовардҳои дастаи миллиамон сар карда, то дастовардҳои дастаи футзал, ки бори аввал дар таърихи футболи тоҷик роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон гирифтанд. Боиси ифтихор аст, ки ин санаи таърихӣ на фақат барои футболи тоҷик, балки барои тамоми футболи ҷаҳон аст. Дар робита ба эълон намудани “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аст, аз ҷониби ФФТ чорабиниҳои дахлдор баргузор мегардад. Ман боварӣ дорам, ки таҷлили ин санаи таърихӣ аз сарзамини Тоҷикистони азизи мо оғоз мегардад.
Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташабускор шинохта шудааст. То ба имрӯз дар робита ба ташабусҳои байналмилалии ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон як қатор барномаҳои мушаххас таҳия гардидааст. Оё ташабуси навбатии Тоҷикистон то кадом андоза метавонад вокуниши кишварҳои ҷаҳонро ба бор биорад?
Воқеан ҳам он ташабуссҳое, ки то ба имрӯз аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хушнудӣ пазируфта шуд. Ин ҳама боиси ифтихори ҳар фарди сарзамини Тоҷикистон аст, ки мо давлати соҳибистиқлол дорем. Далате дорем, ки мавқеъи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дорад. Ман фикр мекунам, ки дастгирӣ ёфтани ташаббуси пешниҳоднамудаи Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба варзиши тоҷик хусусан футбол зиёд мекунад.
Тайи чанд соли охир футболи тоҷик рушд намуд, ки далели ин гуфтаҳо роҳёфтани футболбозони тоҷик дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилаӣ мебошад. Оё пешниҳоди ин ташаббус дар рушди футбол то кадом андоза саҳми худро мегузорад?
Баромади дастаи миллии мо бори аввал дар Ҷоми Осиё чӣ қадар таваҷҷуҳи мухлисон, умуман ҳамаи онҳое, ки ба футбол алоқамандӣ доранд, то чӣ андоза зиёд кард. Вобаста ба он дастовардҳо алакай федерастсияи футболи Тоҷикистон дар назди ҳамаи дастаҳои мунтахаб ҳамаи он бошгоҳое, ки Тоҷикистони азизи моро дар арсаи байналмилалӣ муарифӣ мекунад, вазифаҳо гузоштааст. Ба даст овардани ин ё он натиҷаи хуб ин як кушишу ғайрат аст, лекин нигоҳ доштани сатҳи баланд ман фирк мекунам аз дастовард ҳам боз дучанд душвортар аст. Барои ҳамин ба мо зарур аст,ки ҷиҳати ниголҳ доштани сатҳу қулаҳое расидаамон устувор бошем. Мо вазифадорем, ки солҳои наздик оиди Чемпионати ҷаҳон барои дастаҳои миллӣ фикр кунем. Яъне ки аз ҷониби роҳбарият вазифаҳои муҳимтарин барои масъулин гузошта шудааст.
Тоҷикистон метавонад дар оянда мизбони Чемпионати ҷаҳон гардад?
Тайи чанд соли охир Тоҷикистон махсусан шаҳри Душанбе макони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ оид ба футбол гардидааст. Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё байни ҷавонону наврасон, мусобиқаҳои сершумор дар доираи Асотсиатсияҳои футболи Осиёи марказӣ, мусобиқаҳои интихобии сатҳи Осиё ва дигар намуди мусобиқаҳо дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. Имрӯз дар шаҳри Душанбе варзишгоҳи нав бо фарогирии 30 ҳазор ҷои нишаст бунёд гардида истодааст ва баъд аз ба талаботи муосир ҷавобгу шудани варзишгоҳи мазкур мо имконият пайдо мекунем, ки мусобиқаҳои байналмилӣ оид ба футболро баргузор намоем. Дар нақша аст, ки дар солҳои оянда бо дарназардошти фароҳам овардани инфрасохтори соҳаи варзиш дар ҳудуди ҶТ мсобиқаи Ҷоми Осиё оид ба футболро баргузор намоем. Бояд қайд кард, ки ҷиҳати ноил гардидан ба ин ҳадаф тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.
Дар заминаи ташабуси пешниҳодгардида кадом барномаи мушаххас руи даст гирифта мешавад.
Хушбахтона, имрӯз теъдоди майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди кишвар хеле зиёд аст. Меҳмонҳое, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон меоянд аз шумораи зиёди майдончаҳои варзишӣ дар ҳайрат мемонанд. Албатта аз ҷониби Федератсияи футбли Тоҷикистон, аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё воаста ба иқдом ва ташабуси мазкур барномаҳои мушаххас ба тасвиб мерасанд.
Баҳруллои М
Радиои Тоҷикистон