Моҳи сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи сайёҳии «Travel HUB» баргузор мегардад, ки дар он иштироки ширкатҳои сайёҳии Русия баҳри рушди муносибатҳои дуҷониба ва шиносоӣ бо зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар назар аст. Ин нуктаро Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод зимни мулоқот бо муассис ва роҳбари бюрои сайёҳии «Aredov Travel» Арсений Аредов ва иҷрокунандаи вазифаи Директори Шурои кории Тоҷикистон ва Русия Ирена Мизай иброз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар додааст.
Зимни мулоқот роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ намуда, ба роҳ мондани инфотурҳоро байни ширкатҳои ҳарду давлат бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон муҳим арзёбӣ намуданд.
Инчунин масоили истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Русия оид ба пешбурди соҳаи сайёҳӣ ва ҳамкорӣ намудани Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Ассотсиатсияи туроператорони Русия барои ҳамкории судманд, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ дар рушди сайёҳӣ иброз гардид.