Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар фурудгоҳҳо афзоиш додааст

Дар робита ба ҳолатҳои рухдода нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷиистон дар нуқтаҳои вуруд ба Федератсияи Россия бо супориши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо мақсади таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз ҳисоби муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарият ва кормандони масъули хадамотҳо ва агентӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд.

Дар ин бора сомонаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар дода навиштааст, ки гурӯҳҳои мазкур шуруъ аз 1 майи соли 2024 дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ба таври шабонарӯзӣ навбатдорӣ намуда, байни муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба ватан бармегарданд ё мақсади барои кор ба хориҷи кишвар рафтан доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ ва дигар маводи заруриро дастрас менамоянд.

Тавассути баргузор намудани чунин чорабиниҳо ба шаҳрвандон доир ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, пешниҳоди маълумоти дақиқ ба саволҳои сарҳадчиён, ба роҳ мондани фаъолияти корӣ дар асоси патент, гузаштан аз қайди муваққатӣ, бастани шартномаи меҳнатӣ маълумот дода шуда, масъалаи омодагии ҳамаҷониба пеш аз сафар барои рафтан ба хориҷи кишвар таъкид карда шуд.

Донистани забони давлати қабулкунанда, эҳтироми арзишҳои фарҳангии он, даст назадан ба амалҳои номатлуб, донистани гурӯҳҳои ифротгаро, экстремистӣ ва террористӣ, ки тавассути мағзшӯйӣ ҷавононро ба гурӯҳҳои худ ҷалб менамоянд ва пешгирии шомилшавӣ ба онҳо, хатарҳои муҳоҷират, аҳамияти хос ба намуди зоҳирӣ, истифодаи оқилона аз шабакаҳои интернетӣ, худдорӣ аз муошират бо шахсони тасодуфӣ, ки бо ваъдаи кори сердаромад таваҷҷуҳро ҷалб менамоянд, сафарбаркунии муташаккилона барои кор дар хориҷи кишвар, дӯст доштани ватани худ ва бо амалҳои нек муаррифӣ намудани давлати хеш дар хориҷи кишвар аз ҷумлаи мавзуъҳои муҳими дарҷшуда зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шумор мераванд.

Ҳамзамон, гурӯҳҳои корӣ ба шаҳрвандон барои дар ҳолатҳои ба мушкилӣ дучор шудан чи гуна ва ба куҷо муроҷиат намудан, фаҳмонида шуда, нишонӣ ва рақамҳои телефонҳои тамос пешниҳод намуда, роликҳои таҳияшуда дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд оид ба муҳоҷирати бехатарро намоиш дода истодаанд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки мақсади сафар ба хориҷи кишвар доранд идома дошта, тавсияи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат, ки аз сафар ба қаламрави Россия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт бе зарурат муваққатан худдорӣ намоянд, бори дигар ёдрас карда мешавад.