Боздиди вазири маориф ва илм ва раиси вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон аз МТМУ рақами 21-и ноҳияи Ванҷ

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода  дар доираи сафари корӣ ҳамроҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот Алишер дар водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 дидан намуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбат анҷом доданд. 

Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм зимни суҳбат вазири маориф ва илм аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф  ёдоварӣ намуда, таъкид дошт, ки дар қаламрави мамлакат пайваста барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва бунёди муассисаҳои наву замонавӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, сохтмону таъмири муассисаҳо бо маром идома доранд.  Дар  рафти суҳбат  вазири маориф ва илм бештар ба масъалаи таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳо, китобҳои дарсию бадеӣ, фарогирии хонандагон ба муассисаҳои томактабию миёнаи умумӣ, хусусан, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон диққати хонандагон ва омӯзгорнро  ҷалб намуда, таъкид кард, ки барои ҳар як омӯзгор ва хонанда донистани ду забони  хориҷӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ мебошад. 

Омӯзгорони муассисаи номбурда аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат сипосгузорӣ намуда, барои пеш бурдани фаъолияти кори омӯзгорӣ таклифу пешниҳодҳо намудаанд.