Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» шуруъ аз моҳи майи имсол меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд, хабар «Амонатбонк».
Ин тадбир бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии кишоварзони мамлакат, рушди соҳаҳои саноат, сохтмон, тиҷорат ва хизматрасонӣ андешида шудааст. Қарз ба соҳаи кишоварзӣ аз 19 то 21 фоизи солона ба муҳлати то 5 сол, ба соҳаи саноат 18 фоизи солона ба муҳлати 5 сол, ба соҳаи сохтмон 20 фоизи солона ба муҳлати 4 сол, ба соҳаи тиҷорат ва хизматрасонӣ бо 22 фоизи солона пешниҳод мегардад. Инчунин меъёри фоизи қарзҳои ипотекӣ низ паст карда шуда, барои харид ва сохтмони манзил 18 фоизи солонаро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки «Амонатбонк» соли 2023 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 53 ҳазор муштарӣ 1 миллиарду 836,2 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст. Ҳаҷми қарзҳои пешниҳоднамудаи «Амонатбонк» нисбат ба соли 2022 354 миллион ва ё 24 фоиз афзудааст.
Қарзҳои додаи бонк ба соҳаҳои саноат 20,9 фоиз, кишоварзӣ 19,2 фоиз, истеъмолӣ 30,3 фоиз, сохтмон 12,2 фоиз, тиҷорат 12,5 фоиз, нақлиёт 0,3 фоиз ва хизматрасонӣ 4,6 фоизро ташкил медиҳад.
Сандуқи қарзии «Амонатбонк» 2,2 миллиард сомонӣ ва қарзгирон аз рӯи бақия зиёда аз 62 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли 2022 ҳаҷми сандуқи қарзӣ 31 фоиз афзудааст.