Имрӯз, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе фестивали ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор гардид.
Дар фестивал ба беҳтаринҳо аз рӯи номинатсияи ” гулпарвари беҳтарин”, «гулгашт ва хиёбон», «боғҳои фарҳангию фароғатӣ», «деҳаи беҳтарин», «маҳаллаи беҳтарин», «деҳоти беҳтарин», «шаҳраки беҳтарин», «ноҳияи беҳтарин» ва «вилояти беҳтарин» ҷоизаҳо супорида шуд.
Дар номинатсияи “Гулпарвари беҳтарин” Абдусалом Шодибеков ҷои 3-юм, Аъзам Раҳимов ҷои 2-юм ва Маҳсиддин Ғоибов ҷои 1-умро соҳиб гаштаннд. Дар номитансияи “Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ”, боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Турсунзода ба гирифтани ҷои 3-юм, боғи фарҳангӣ-фароғатии “қалъаи Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ҷои 2-юм ва боғи фарҳангӣ-фароғатии “Аҳмади Дониш”-и ш Душанбе ба гирифтани ҷои якум мушарраф гардиданд. Ба ҳамин монанд дар ҳамаи номинатсияҳо беҳтаринҳо бо Шоҳҷоиза, дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона иштирок карданд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Хотиррасон мешавем, ки фестивал мувофиқи Амри Президенти мамлакат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Зоирзода Рустам,
Радиои Тоҷикистон