Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Фонди хайриявии “Музаффар” дар Боғи ботаникии «Ирам» намоишгоҳи ҷумҳуриявии хайриявии гулу рустанӣ таҳти унвони «Некӣ бикор» баргузор гардид.
Ин намоиши пур аз зебогиву нафосат ва илҳомбахш дар қалби иштирокдорон хотираҳои фаромӯшнашавандаи ҳамбастагӣ бо табиат ва эҷодкорӣ боқӣ гузошт. Иштирокчиён тавонистанд саҳни боғро аз гулу рустаниҳои зебо пур кунанд ва ҳамаи ин зебоӣ тавъам бо ҳавои баҳорӣ ба намоишгоҳ шукӯҳи хоса бахшид.
Чорабинии мазкур ба «Соли маърифати экологӣ» дар шаҳри Душанбе ва пешбурди энергетикаи сабз дар Тоҷикистон бахшида шуда, ҳадаф ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои ҳифзи табиат, инчунин ба мушкилоти бемории саратон дар байни занон равона шудааст.
Намоишгоҳи хайриявии гулҳо, ки ҳамасола баргузор мешавад, гулпарварон ва мутахассисони соҳаро бо имконияти фурӯши маҳсулоти худ ва табодули таҷриба муттаҳид менамояд.
Дарсҳои маҳоратӣ (мастер-классҳо) аз ҷониби гулпарварон ва флористҳои касбӣ гузаронда шуда, миқдори зиёди маҳсулоти марбут ба гулпарварӣ ва нигоҳубини растанӣ низ намоиш ва ба фурӯш пешниҳод карда шуд.
Барномаи махсусе, ки ба муносибати эҳтиёткорона ба табиат барои кӯдакон таҳия шуда буд, якбора дар ду минтақа пешниҳод гардид.
Зиёда аз 50 нафар иштирокчиён аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар намоишгоҳ иштирок намуданд, ки аз аҳамият ва миқёси чорабинӣ дарак медиҳад.
Инчунин, намоишгоҳи мазкур барои дастгирии лоиҳаи пешгирии бемории саратони занона ва кам кардани занони мубталои ин беморӣ бахшида шудааст.
Дар доираи барномаи намоишгоҳ се озмун дар мавзуъҳои иҷтимоӣ барои мактаббачагон гузаронида шуд:
1) Видеоролик – «Сайёраи тоза»;
2) Озмуни расомии кӯдакона- «Ман табиатро дӯст медорам»;
3) Озмуни ҳунарҳои аз маводи партов сохташуда – “Сайёраро эҳтиёт кунед”.
Маблағҳои ҷамъоваришуда аз чорабинӣ ба лоиҳаҳои пешгирии саратон дар байни занони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешаванд.
Муҷиддини САЙФИДДИН,
радиои “Тоҷикистон”