Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла таҷлили солгарди Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ дар Тоҷикистон, мубориза бо падидаҳои номатлуби хурофоту ифротгароӣ дар ҷомеаи кишвар, масъалаҳои таъмини амнияти ғизоӣ ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 4 май мақолаи академик Фарҳод Раҳимӣ бо номи “Мавқеъгирии сиёсӣ ва арзёбии мушкилоти имрӯзӣ” чоп кардааст, ки дар он муаллиф андешаҳои худро дар робита ба мулоқоти ахири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баён доштааст.
Ба гуфтаи муаллиф дар ростои шинохтану омӯхтани мероси гаронмояи динӣ-мазҳабӣ, инчунин шахсиятҳои миллие, ки дар олами ислом таҳаввулот эҷод карданд, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ иқдомоти ҷиддӣ рӯйи кор гирифта шуда, осори бузургони динӣ нашру пахш гардиданд.
Дар идома зикр мешавад, Пешвои миллат таҳлилу арзёбиҳои шахсӣ ва таҷрибаи раҳбарии худро ҳамчун далели муҳками сиёсӣ-ихтисосӣ дар заминаи ояндадории низоми давлатдории дунявӣ ва эҳтиром ба арзишҳои эътиқодӣ пеш оварда, афзуданд:
“Таҳлилу баррасии иқдомоти тайи беш аз 32 сол амаликардаи Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат ба дин нишонаи он аст, ки давлати демократӣ ва дунявии мо дар роҳи таъмин намудани озодии виҷдон қадамҳои устувор гузошта, рисолат ва вазифаи таърихии худро дар назди мардуми эътиқодманд дар сатҳи зарурӣ иҷро карда истодааст. Имрӯз мо озод ҳастем – тоат мекунӣ, ибодат мекунӣ, намоз мехонӣ, рӯза медорӣ, масҷид меравӣ, хонаи Худо меравӣ, кори хайру савоб мекунӣ, озод ҳастӣ”.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 7 май дар робита ба солгарди Рӯзи Ғалаба менависад, ки тибқи иттилои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 30-юми апрели соли ҷорӣ дар кишвар ҳамагӣ 24 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 мондааст. Гуфта мешавад, ки дар зарфи 19 сол аз ҳаёт 9875 нафар иштирокчии ҶБВ даргузаштааст.
Дар идома гуфта мешавад, ки аз ҷумла сокини шаҳри Душанбе Ҳалим Ҳайдаров соли равон 105-сола, Азиз Қодиров аз ноҳияи Шаҳринав 102-сола мешаванд. Мухтор Эргашев аз Душанбе 29-уми апрел 100-сола шуд. Сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Гулмурод Тағоев 100-солагии зодрӯзи хешро 1-уми майи соли 2024 қайд кард.
Ёдовар мешавем, ки аз Тоҷикистон дар ҷабҳаи ҶБВ зиёда аз 300 ҳазор нафар ҷавонмардон баҳри дифои давлати паҳновари Ватани хеш бар зидди фашистони истилогар размидаанд. Баъди ғалаба бар Олмони фашистӣ, наздики 100 ҳазор ҳамватанон ба зодбум барнагаштаанд.
Ин дар ҳолест, ки соли 1941 аҳолии Тоҷикистон тақрибан 1 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Пас, бармеояд, ки беш аз 7 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар ин ҷанги хонумонсӯз ҳалок гаштааст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 8 май бо нашри матлабе зикр кард, ки дар асоси амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар иштирокчӣ ва маъюби ҷанг ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии яквақта ҷудо карда шуд.
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ барои қадршиносии корнамоии иштирокчиён ва маъюбони ин ҷанг аз пойтахт ба ҳар кадом 10 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Дар идома гуфта мешавад, ки дар набардҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар баробари дигар халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бештар аз 50 ҳазор ҳамватанони мо ба гирифтани ордену медалҳои ҷангӣ ва 54 нафар ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардидаанд.
Аз сӯи дигар солҳои набард бар фашизм дар ақибгоҳ асосан занону кӯдакон ва пиронсолон фаъолият доштанд. Дар ин давра ба Хазинаи мудофиа зиёда аз 1 миллиард сӯм ва 40 ҳазор пуд ғалла ворид гардидааст. Мардуми Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои шахсии ҷамънамудаашон колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» ва эскадрилияи тайёраҳои ҳарбии «Тоҷикистони Шуравӣ» ташкил намуда, ба ҷабҳаҳо 151 вагон хӯрокворӣ, 532 ҳазор либоси гарм, 123,8 ҳазор пӯсти гӯсфанд, 93,4 ҳазор кг пашм ва зиёда аз 25 ҳазор метр матоъ фиристоданд.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумоари рӯзи 6 май хабар медиҳад, ки дар дашти Манеми деҳоти «Сучон»-и ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави мевадиҳанда бунёд гардид.
Зикр мешавад, ки дашти Манем солҳои тӯлонӣ аз сабаби надоштани об аз гардиши кишоварзӣ берун монда буд. Соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти «Барги сабз» барои бунёд намудани боғ 650 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар мавзеи мазкур ниҳоли дарахтони мевадиҳандаи себ, нок, зардолу, гелос ва ғайра шинонда шуданд.
Боғ тавассути панелҳои офтобӣ бо усули қатрагӣ обёрӣ гардидааст. Тибқи иттилои масъулин, баъзе ниҳолҳо аз Олмон дастрас гардидаанд, ки ба шароити кӯҳистон мутобиқ мебошанд. Ҳамин тариқ, дар боғи мазкур 4 ҳазор ниҳоли дарахти мевадиҳанда шинонда шуда, инчунин, корҳои сабзу хуррамгардонӣ дар шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят вусъати тоза пайдо кардааст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 8 май бо нашри мақолаи таҳлилӣ масъалаи истеҳсоли равған дар Тоҷикистонро матраҳ кардааст. Ба навиштаи муаллиф ҳамасола Тоҷикистон ба малағи 170 млн доллар аз хориҷа равған ворид мекунад. Аммо истеҳсоли дохилии равған дар кишвар ҳамагӣ 15 дарсади талаботи дохилӣ бо ин маҳслуотро таъмин мекунад.
Дар идома таъкид мешавад, ки тибқи меъёр истеъмоли равған дар як сол барои як нафар 16,6 кг ва бо назардошти афзоиши аҳолии Тоҷикистон талабот ба ин маҳсулот имсол 160,8 ҳазор тонна буда, то соли 2025 то 171 ҳазор тонна мерасад. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки соли 2023 дар Тоҷикистон 80 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ ҳамагӣ наздики 25 ҳазор тонна равған истеҳсол шудааст.
Нашрияи ҷамъиятӣ-сиёсии “Пайк” дар шумораи рӯзи 9 май бо нашри матлабе аз норасоии кардӣ дар Кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлоб изҳори нигаронӣ кард.
Муаллиф аз қавли масъулин навиштааст, ки аксарияи раисони кумитаҳои замин дар минтақа иваз шуданд ва дар ин ниҳод нест нафаре, ки 5 сол кор карда бошад. Ба унвони мисол зикр мешавад, ки аз 42 воҳиди корӣ дар кумитаҳои замини минтақаи Кӯлоб ҳамагӣ 30 нафар фаъолият дорад.
Дар идомаи матлаб ахбори ҳолатҳо бо иттиҳоми ришваситонӣ дастгир шудани масъулини кумитаҳои идораи замин оварда шуда ва зикр мешавад, ки дар бештари ҳолатҳо ин афрод барои “заминфурӯшӣ” бозлошт шудаанд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”