Имрӯз дар маркази байналмиллаии намоишгоҳи шаҳри Душанбе Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» оғоз гардид.
Роҳандозии Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат сурат гирифта, дар он 65 ширкату корхонаҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Беларус, Туркманистон, Узбекистон, Эрон, Чин, Покистон ва Туркия маҳсулоташонро муаррифӣ намуданд.
Ҳамчунин дар намоишгоҳ маҳсулот ва намудҳои гуногуни хизматрасонии ширкатҳои беҳтарини ватанӣ, ки ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар хориҷи ҷумҳурӣ маъруф мебошанд, муаррифӣ гардиданд. Зимни ифтитоҳи намоишгоҳ аз ҷониби масъулин зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории универсалии намоишгоҳ ин истеҳсолкунандагони мол ва хизматрасониҳоро дар як майдони намоишгоҳӣ ҷамъ овардан мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки Намоишгоҳи «Тоҷикистон-2024» ба густариши минтақавии фаъолияти иқтисодии ширкатҳои иштироккунанда ва пешбурди маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ равона шудааст, ки дар он намояндагони тиҷоратӣ имконият доранд, ки шарикони нави тиҷоратии худро пайдо намоянд. Ҳамзамон сокинон метавонанд аз ин намоишгоҳ молҳои истеъмолии ватинию хориҷиро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд.
Олуфта Шарипова,
Радиои Тоҷикистон