Рузи 3 майи соли чорӣ дар байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» оғоз гардид, ки то 5 май идома меёбад. Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси Палатаи савдову саноати ҶТ Ҷамшед Ҷумъахонзода зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид намуд, ки намоишгоҳ як воситаи пайдо намудани шарикони ҳамкор мебошад ва дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия, Беларус, Туркманистон, Узбекистон, Эрон ва Туркия маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода низ оид ба рушди саноат дар шаҳри Душанбе ва иштироки фаъоли корхонаҳои саноатии пойтахт дар намоишгоҳҳо суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки сол ба сол нишондиҳандаҳои макроиктисодии шаҳри Душанбе аз ҳисоби рушди истеҳсоли худӣ меафзояд. Аз ҷумла соли гузашта 751 корхонаи саноатӣ ба маблағи 4, 2 млрд сомонӣ молу маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд. Ин маҳсулот барои қонеъ гардонидани бозори дохилӣ ва ҳамчунин барои содирот нигаронида шудааст. А. Абдураҳмонзода изҳорӣ боварӣ намуд, ки намоишгоҳ натиҷахои худро медиҳад ва созишномаҳои нав ба имзо мерасанд.
Ба ғайр аз намоиши маҳсулоти саноатӣ ҳамчунин намудҳои гуногуни хизматрасонии ширкатҳои беҳтарини ватанӣ, ки ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар хориҷи ҷумҳурӣ маъруф мебошанд, муаррифӣ гардиданд. Махсусан намояндагони низоми бонкӣ бо маҳсулоти бонкӣ тавонистанд ҳам соҳибкорон ва ҳам сармоягузоронро ҷалб созанд.
Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайдар Раҷабов баргузории намошгоҳҳоро қадами устувор дар таҳким ва тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дониста, таъкид намуд, ки тавассути гирди ҳам овардани намояндагони соҳибкорӣ аз кишварҳои ҷаҳон метавон ба ҳадафҳои худ, ба монанди саноатикунонии босуръати мамлакат бирасему дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи худро боз ҳам устувортар намоем. Зеро кишвари мо бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи худ аллакай харидорони худро дар бозори дохилу хориҷ пайдо намудааст. Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» се рӯз идома ёфта, ба густариши минтақавии фаъолияти иқтисодии ширкатҳои иштироккунанда ва бештар гардидани маҳсулоти ватанӣ равона шудааст.
Шоистаи Аҳмад,
радиои Тоҷикистон