6 майи соли 2024 дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон мулоқоти муовини Раиси Девони вазирон — Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон Абдусалом Азизов баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ҷонибҳо ба таври васеъ ва боэътимод тамоми маҷмуи масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти минтақавиро муфассал муҳокима намуданд. Оид ба ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ дар самтҳои муҳим, аз ҷумла мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, қочоқ, дигар таҳдидҳо ва чолишҳои дорои хусусияти фаромарзӣ табодули афкор анҷом дода шуд. Масъалаҳои ҳамкории наздисарҳадӣ ва дар маҷмуъ фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ байни давлатҳо баррасӣ гардиданд.
Зимни мулоқот бандҳои рӯзномаи муайян кардани хати сарҳади давлатӣ (делимитатсия) байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои аломатгузории сарҳад байни Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба таври самарабахш баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба суръат бахшидан ба равандҳои делимитатсияи хати марзҳои давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон ва Узбекистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд ва барои ҳалли ин масъалаҳо дар асоси манфиатҳои тарафайн тадбирҳои амалиро муайян намуданд.
Дар натиҷаи музокирот ба аъзои Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистон ва Тоҷикистон барои ҳамоҳангсозии қитъаҳои боқимондаи сарҳад ва ҳамчунин омода ва ба имзо расонидани созишномаи дахлдори дуҷониба супоришҳои мушаххас дода шуданд.