Имрӯз дар маҷлисгоҳи бинои “Шарқи Озод” бо иштироки васеъи рӯзноманигорон муаррифии тадқиқоти “Афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо” доир шуд.
Тадқиқоти мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Машварати расонавӣ”, маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи тадқиқоти мазкур муайян кардани афзалиятҳои расонавии аҳолии кишвар мебошад, яъне шахрвандони кишвар ба дидану шунидан ва хондани кадом расонаҳои ватани бартарӣ медиҳанд. Набиҷон Юсупов, раиси ташвиқоти ҷамъиятии машварат зимни суханрониаш иброз дошт, ки дар рейтинги шунавандагони радиоҳои давлатӣ дар ҷумҳурӣ, радиои “Садои Душанбе” бо 27,1% дар зинаи якум, радиои “Тоҷикистон” бо 17,3% дар зинаи дуюм, радиои “Овози тоҷик” бо 5,3% дар зинаи сеюм, радиои “Фарҳанг” бо 3,4% дар зинаи чорум ва радиои “Ховар” бо 3,0% дар зинаи панҷум қарор доранд.
Ҷавонон дар истифодаи Интернет хеле пешрафтатар мебошанд, истифодаи ВАО дар шабакаҳои иҷтимой рушд ва густариш ёфта, дар солҳои охир татқиқотҳо нишон дода истодаанд, ки сокинон аз як паёмрасон ба паёмрасони дигар мегузаранд. Ёдрас мешавем, ки тадқиқоти мазкур бори чорум аст, ки баргузор карда мешавад.
Тадқиқотҳои пешин солҳои 2018, 2019 ва 2022 гузаронида шудааст. Масъулин мегӯянд, ки хадафи асосии тадқиқоти мазкур аз он иборат аст, ки бояд аз нигоҳи бинанда, хонанда ва шунаванда расонаҳои хабарии кишвар баҳогузорӣ карда шавад.
Муҷиддини САЙФИДДИН,
Радиои Тоҷикистон