ДАЛЕРИЮ ШУҶОАТИ ТОҶИКОН ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки барои муҳофизати Ватан ва аз байн бурдани фашизми истилогар, дар қатори мардумони ҷумҳуриҳои шуравӣ бошандагони кишвари мо низ далерона мубориза бурдаанд.

Ин ҷанги фоҷиабор кишварҳои зиёдеро харобу тороҷ гардонида, тараққиёти онҳоро бистсолаҳо ба қафо партофт. Дар натиҷа зиёда аз 50 миллион нафар одамон қурбон шуда, миллионҳо одамон машаққати рӯҳию равониро аз сар гузарониданд. Родмардоне, ки дар муҳорибаҳои хунин иштирок намуданд, баҳри ҳифзи Ватан ва шарафу номуси мардуми хеш корнамоиҳо нишон додаанд, мояи сарфарозӣ ва ифтихор мебошанд. Дар ин ҷанг зиёда аз 90 ҳазор нафар тоҷикистонӣ барои ҳифзи Ватан ҳалок шуданд.

Ҷоннисориҳои фарзандони тоҷик дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, дар корномаи таърихи миллати мо, бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун роҳнамои ибратомӯзи насли оянда, боқӣ хоҳад монд. Дар байни онҳо, ҷасорату шуҷоати бемисли қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ: Сафар Амиршоев, Домулло Азизов, Исмоил Ҳамзаалиев, Неъмат Қарабоев, Ҳайдар Қосимов, Ҳодӣ Кенҷаев, Қудрат Қаюмов, Раҳимбой Раҳматов, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Эргаш Шарифов, Ӯрунбек Ёқубов, Боқир Давлатов, Саидқул Турдиев, ва чандин ҷанговарони далери тоҷик лавҳаи таърихро ҷилло медиҳанд ва хотираи неки онҳо ҷовидона дар шиори “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад”вирди забонҳо гардидааст.

Мусаллам аст, ки ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣбар бадӣва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем. Дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣмақоми махсус дорад. Зеро дар он солҳои мудҳиш низоми фашистӣба озодиву истиқлолияти аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣэҷод карда буд.

Бояд гуфт, ки пирӯзӣ бар фашизм ба ивази ҷони даҳҳо миллион нафар сарбозону афсарон, аз ҷумла фарзандони Тоҷикистон, аҳолии осоиштаи дар минтақаҳои таҳти амалиёти ҷангӣва ақибгоҳ қарордошта, маъюб шудани миллионҳо нафари дигар ва гуруснагиву маҳрумиятҳои гӯшношунид ба дастомадааст.

Яъне таърихи башар ҷангеро, ки боиси чунин қурбонии зиёди ҷонӣва хисороти аз ҳисоб беруни моддиву маънавии сайёраи Замин шуда бошад, ёд надорад. Дар он солҳо беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари мо ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд.

Бале, тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои дур бо меҳру садоқат ба Ватан, меҳанпарастӣва ҳуввияти баланди миллии хеш машҳури ҷаҳон буданд. Таърих гувоҳ аст, ки фарзанди тоҷик ҳамеша ҳимояи марзу буми хешро ба ивази ҷони хеш ҳам бошад, адо кардааст. Дар тули таърих фарзона фарзандони диловари тоҷик аз қабили Спитамен, Муқаннаъ, Абумуслим, Темурмалик, Восеъ ва дигарон ҷони худро ба кафи даст гирифта, мардонавор ҷон супурданро аз таслими душман шудан беҳтар донистанд. Мардонагӣва садоқати аҷдодони мо дар набзи ашъори безаволашон низ хеле хуб ба мушоҳида мерасад:

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хешу пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.

Иди Ғалаба як саҳифаи пурифтихори таърихи миллати мост, ки дар он қаҳрамонию мардонагии падарону бобоёни мо, дар майдонҳои ҳарбу зарб, бо хати заррин сабт шудааст.

Поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати бекарони онҳо, ин анъанаи нек ва сабақи пандомез барои наслҳои имрӯзу фардои миллат аст.

Мардуми тоҷик дар роҳи тайкарда ва озмоишҳои фоҷиаборимубориза бар зидди фашизм аз ҳаёти душвори басар бурда рӯҳафтода нагардида, баҳри мустаҳкамии иқтидори ақибгоҳ, таъминоти сарбозону афсарони дар муҳорибаҳо фаъолият дошта, корҳои истеҳсолии тамоми самтҳои саноату хоҷагии халқсодиқона ёрии худро дареғнамедоштанд.

Имрӯзҳо пос доштани чунин иди бузург аҳамияти махсуси худро дорад, зеро намояндагони зиёда аз 100 миллату халқият ҳамчун узви як оила муттаҳид гардида, барои ба даст овардани пирӯзӣ ҷоннисориҳо кардаанд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 72 кишвари дунё иштирок намуданд. Амалиёти ҳарбӣдар қаламрави 40 давлати дунё ҷараён гирифта буд. Дар ин муҳорибаҳои шадиду хунин аз кишварҳои иштирокчии ҷанг зиёда аз 110миллион нафар афсарону сарбозон сафарбар шуда буданд.

Маълум аст, ки имрӯз ветеранҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣдар Тоҷикистон хеле кам мондаанд. Қисми боқимондаи онҳо синнашон аз навад боло мебошад. Бинобар ин, нигоҳдошти поси хотири гузаштагон, эҳтиром ва қадршиносӣнамудани ҳар яки онҳое, ки дар қайди ҳаётанд, вазифаи муқаддасифарзандии мост. Таҷрибаи роҳи тайкардаи зиндагӣогаҳмесозад, ки эҳтиром доштани калонсолон ва кӯмак ба ветеранҳои ҷангу меҳнат, шахсони барҷомонда ва муҳтоҷро дар доираи анъанаҳои қадимии халқи тоҷик пайваста идома диҳем.

Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣтаҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон, дар баробари ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон, пирони рӯзгордида ва иштирокчиёни ҷангу меҳнат, низ таҳти меҳрубонӣва нигоҳубини арзанда қарор доранд. Сарвари давлат ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд доранд ва дар бисёр баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки таъмини онҳо бо шароити мусоиди зиндагӣ вазифаи ҷонии ҳар як роҳбар, шахсони фаъол, соҳибкорон ва афроди ҳимматбаланд мебошад. Имрӯз мо бо таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ғалаба ба инсоният нишон медиҳем, ки мо танҳо бо муттаҳидӣва дӯстӣметавонем сайёраро аз ҳар гуна даҳшату хунрезӣва қувваҳои ифротӣэмин нигоҳдорем.

Ҷашнгирифтани Рӯзи ғалаба махсусан барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, садоқад ба давлату миллати хеш ва далериву ҷавонмардӣ, бузург кардани насли ҷавону наврас нақши бузург дорад. Инчунин, пос доштани номи онҳое, ки ба хотири рӯзгори орому осудаи мо ҷонбозӣнамудаанд, қарзи виҷдонии ҳар яки мост. Вобаста ба ҳамин масъала сарвари давлат чунин изҳори ақида намудаанд: “9 май рӯзи шодиву нишот ва санаи ёдбуди онҳоест, ки барои озодии халқҳо ҷони худро нисор кардаанд. Ҷашн гирифтани Рӯзи ғалаба ваэҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣва ҷасорату далерӣмебошад”. Яъне истиқболи арзандаи Рӯзи ғалаба-рӯзи пирӯзии сулҳу дӯстӣ, оромиву нишот ва инсоният бар ҷангу душманӣ, ваҳшату хунрезӣва кибру хусумат аз ҳар лиҳоз хеле муҳим мебошад.

Сокинони Тоҷикистон хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣаз истеъмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷгоҳаз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд.

Бо дарназардошти фарогирии таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣаз кишвари ҳамсояи Афғонистон, дар ҳама ҳолат нигоҳдоштани масъулияти баланди ватанпарастӣ, ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллӣ, омодобоши ҷузъу томҳои низомӣяке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Артиши миллии Тоҷикистон, ки сипари боэътимоди Ватан ба ҳисоб меравад, мебошад.

Иштирокчиёни ин ҷанг мисли шоҳсутуне мебошанд, ки ҷомеаи моро мустаҳкам нигоҳ дошта, насли ҷавонро барои вориси асили бузургмардони гузашта гардидан омода месозанд. Корнамонии онҳо баҳри ҳимоя ва ҳифзи хоки Ватан, барои тарбияи ватандӯстии насли наврасу ҷавон як китоби пурарзиши панду ҳикмат буда, ҳар як сатри он роҳкушо ва роҳнамои насли ояндаи кишвар мебошад.

Мо мақсаду мароми асосии худро баҳри бунёдкорӣ ва созандагии Тоҷикистони азиз қарор дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сазовори номи фарзанди фарзонаи миллат ва халқ бошем.

Инак, дар ин Рӯзи Ғалаба-рӯзи хуҷастаи зафар бо ифтихор метавонем гӯем, ки мардуми тоҷик ҳиссаи арзандаи худро дар таъмини ғалабаи олам шумули халқҳои шӯравӣ бар Германияи фашистӣгузоштаанд. Моро месазад, ки бо онҳо ифтихор намоем. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи хеле ками собиқадорон боқӣ мондаанд, ки ҳамеша таҳти ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳистодагарӣнамояд.

Бигузор ҷавонони ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ қувваи худро танҳо, барои ободӣ ва пешравии Ватани хеш сарф намоянд.

Мо шукргузор аз он мекунем, ки тавассути заҳматҳои беандозаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар кишвари мо, сулҳу салоҳи поянда, мустаҳкаму побарҷост ва мо дар фазои Истиқлолияти давлатӣ озодона зиндагӣмекунем.

Умаров Иқболшо,

мудири шуъбаи китобхонаи илии ДМТ