Хабар

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини аввали Дабири кулли СММ

11.12.2013 11:32

Aslov Eliasson 09 12 20139 декабри соли 2013 дар Ню-Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Муовини аввали Дабири кулли СММ Ян Элиасcон доир шуд. 
Зимни вохӯрӣ Ян Эллиасон аз номи Дабири кулли СММ, ки дар айни ҳол ба Африқои Ҷанубӣ сафар дорад, Сироҷиддин Асловро ба муносибати таъйин гардидан ба вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, орзуҳои некро дар ҷодаи наву пурмасъул таманно намуд.

МУФАССАЛ...

 

Ш. Зуҳуров: « Тоҷикистон Русияро муҳимтарин шарики стратегии худ медонад»

29.11.2013 10:46

Ш. З. Муҳимтарин масоили марбут ба тавсеаи равобити ҳасанаи Душанбеву Маскав дар ҷараёни мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сергей Наришкин-раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федеролии Федератсияи Русия дар дар шаҳри Санкт-Петербург матраҳ гардиданд.

МУФАССАЛ...

 

Ҳосили ғалладонагиҳо зиёд шудааст

29.11.2013 10:23

гандум 1 Тибқи маълумотҳои оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 1 ноябри соли равон ҳосили умумии ғалладонагиҳо   1 млн 279 ҳазору 439 тоннаро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби умумии ғалладонагиҳо 908 ҳазору 402 тоннаашро гандум ташкил медиҳад.

Ҳамзамон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳосили умумии ғалладонагиҳо нисбати ҳамин давраи соли 2012 ба миқдори 46848 тонна ва гандум 95814 тонна зиёд аст.

 
 

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.11.2013 13:50

  чаноби оли 1               ФАРМОНИ

 ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси шаҳри Турсунзода

таъин намудани Табаров Б.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Табаров Бобоали Муродалиевич раиси шаҳри Турсунзода таъин карда шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

27 ноябри соли 2013

№79

МУФАССАЛ...

 

Сурия 259 мактуб ба СММ ирсол намудааст

28.11.2013 13:23

панг Дабири кулли СММ – Пан Гӣ Мун ба ягон мактуби намояндаи доимии Сурия дар ин созмон Башор Ҷаъфарӣ дар хусуси он, ки ба Сурия гурӯҳҳои террористӣ аз хориҷ ворид мешаванд, посух надодааст. Ба гуфтаи Ҷаъфарӣ аз оғози даргириҳо дар Сурия дар соли 2011 то ба ҳол унвонии Пан Гӣ Мун ва роҳбари Шӯрои Амнияти СММ 259 мактуб ирсол намудааст, ки дар онҳо ному насаби террористони хориҷӣ ва ҳатто нусхаҳои шиносномаҳои онҳо пешниҳод шудаанд, аммо то ҳол ба ягонтои онҳо ҷавоб наомадааст.

 Тавре Агентии ИТАР ТАСС хабар медиҳад ҳайати Сурия нусхаҳои ин мактубҳоро ба Кумити зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ пешниҳод кардааст. Мавриди зикр аст, Сурия борҳо изҳор дошт буд, ки дар сафи ҷангиёни мухолифин, зархаридон ва террористҳои хориҷӣ меҷанганд

                                                                                                                                                                    

 

 

 
 

Саҳифаи 93 аз 93

Back to Top