Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и пойтахт даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон дар якҷоягӣ ба вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар Озмуни мазкур роҳбарони олии кишвар, сокинону меҳмонони дохилу хориҷи мамлакат, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо беҳтарин кадбонуҳои ВМКБ, Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои минтақаи Рашт иштирок намуданд.
Дар чорабини муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, штирокдорон ба дастархони орододаи довталабони озмун, ки яке аз дигаре ҷолибтар ба назар мерасид, баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки ин озмун бо мақсади эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороии занону духтарони мамлакат гузаронида мешавад. Дар охири чорабинӣ фаъолони озмун бо диплом, ифтихорнома ва мукофотпулиҳо ҳавасманд гардонида шуданд. Дар ин бора аз ҷараёни ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҳамкорамон Сураёи Сироҷиддин иттилоъ доданд.