Шоми имрӯз (19-уми апрел) дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 дар чаҳоргонаи «С» муқобили тими олимпии Ироқ бо либосҳои сафед бозӣ мекунад. Футболбозони Ироқ либоси сабз ба бар хоҳанд кард.
Дирӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Давҳа пеш аз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 муқобили тими олимпии Ироқ тамринҳои пеш аз бозиро анҷом дод. Дар гурӯҳи умумии дастаи олимпии мамлакат 22 нафар бозигар қарор дорад.
Бояд гуфт, ки дар варзишгоҳи «Ал-Ҷануб»-и шаҳри Давҳа баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад. Телевизионҳои «Варзиш» ва «Футбол» ин вохӯриро мустақиман намоиш медиҳанд.