Имрӯз дар ҳошияи баргузории даври ҷумҳуривии Фестивали “Сад ранги чакан” бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи Куруши Кабир ҳафтаи Намоиш-фурӯши маҳсулоти сузанидӯзӣ ва чаканидӯзӣ баргузор гардид.
Дар он бонувони ҳунарманд аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар ширкат намуда, маҳсули ҳунари худро ба маърази намоиш-фурӯш гузоштанд.
Зимни ифтитоҳи Намоиши мазкур гуфта шуд, ки роҳандозии ин гуна намоиш бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, эҳёи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзандӯзиву гулдузӣ, попурдӯзӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали “Сад ранги чакан” ҳамасола дар қаламрави кишвар доир гардида, баҳри дарёфт ва муаррифии ҳунармандон, чеварон ва тарроҳони соҳибкасб мусоидат менамояд.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”