ар Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфтушунидҳо дар бораи дастрасии Тоҷикистон ба бандари «Чобаҳор» ва имконияти транзитии он баррасӣ шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Дар пойтахти Эрон ҷаласаи Кумитаи муштарак оид ба гузаргоҳҳои байналмилалии нақлиётии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид. Ҷонибҳо масъалаи баромадани Тоҷикистон ба бандари баҳрии «Чобаҳор» ва ҳамкории транзитӣ байни давлатҳоро баррасӣ карданд.
Қаблан масъалаҳои ҳамкории нақлиётию логистикӣ 8 ноябри соли 2023 дар Душанбе дар ҷараёни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Иброҳим Раисӣ баррасӣ шуда буданд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо Ёддошти ҳусни тафоҳум байни ду давлат оид ба ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитӣ тавассути бандари «Чобаҳор» ба имзо расид. Санадро дар ҳузури сарони ду давлат Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён имзо намуда буданд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон моҳи ноябри соли 2023 иброз доштанд, «ба роҳ мондани ҳамлу нақли автомобилӣ аз тариқи хатсайри «Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон» бо истифодаи самаранок аз иқтидори бандари «Чобаҳор» ба густариши минбаъдаи имконияти ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон мусоидат менамояд».
«Чобаҳор» бузургтарин бандари Эрон буда, дар устони Сиистон ва Балуҷистон, дар соҳили Халиҷи Усмонӣ воқеъ аст. Аҳамияти стратегии бандар дар он аст, ки он ба уқёнуси Ҳинд дастрасии мустақим дорад. Уқёнуси Ҳинд аз ҷиҳати умқу масоҳат пас аз Уқёнуси Ором ва Уқёнуси Атлантика дар ҷои сеюм қарор дорад. Дар айни замон он дар 1/5 қисмати сайёраи мо ҷойгир шудааст. Масоҳаташ беш аз 76 миллион километри мураббаъ буда, сарҳади он хати соҳили 4 қитъаро убур мекунад: аз ҷониби ҷануб — Антарктида, сарҳади шарқӣ — соҳили Австралия, сарҳади ғарбӣ — соҳили Африқо ва аз ҷониби шимол — Осиё. Аз Уқёнуси Ҳинд тавассути канали Суэтс баромадан ба калонтарин уқёнуси ҷаҳон – Уқёнуси Атлантика низ имкон дорад.
Дар айни замон дар Осиё 16 давлат- Ҳиндустон, Бангладеш, Исроил, Яман, Урдун, Эрон, Ироқ, Қатар, Кувайт, Мянма, Малайзия, Уммон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Таиланд ва Арабистони Саудӣ ба Уқёнуси Ҳинд дастрасӣ доранд. Тоҷикистон ояндаи наздик метавонад ба қатори ин давлатҳо ҳамроҳ шавад, яъне аз тариқи долони байналмилалии мултимодалии «Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо» тавассути бандари «Чобаҳор» ба Уқёнуси Ҳинд барояд.