“Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ” доир ба ин мавзӯъ имрӯз дар толори Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар кори он олимону муҳаққиқон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи мазкур ширкат дошта, роҷеъ ба муҳимияти “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ табодули назар намуданд.
Ҳамоиши “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ” бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Жило Гулназарзода оғоз гардид. Зимни суханронии хеш мавсуф бо ёдоварӣ аз Шоҳномаи безаволи А. Фирдавсӣ таъкид дошт, ки Шоҳнома асари ҷовидонаест, ки дар қаламрави ҳавзаи фарҳанги мардуми эронитабор ба минтақаҳои гуногун роҳ ёфт ва ба адабиёти ҷаҳон низ таъсир гузошт. Аз ҷумла дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари анҷоми корҳои бузурги фарҳангӣ нашри 50 ҷилдаи осори классикон ва муосирон дар силсилаи Ахтарони адаб роҳандозӣ гардид, ки ба ин васила Шоҳномаи ҳаким А.Фирдавӣ дар 10 ҷилд дастраси хонандагон гардонида шуд.
Рудобаи Мукарамма Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон зимни баромад хеш зикр дошт, ки эхтиром ва гиромидошти бузург ба Шохномаи Фирдави ин пеш аз хама эхтиром гузоштан ба фарҳанги мардуми ориёнотабори ақсои ҷаҳон мебошад. Инчунин тазаккур дода шуд, ки имрӯз Шохномаро донишмандон як мӯъҷиза эълон кардаанд. Вокеан «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ яке аз шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳони мебошад. Дар рафти хамоиши мазкур аз чониби дигар иштирокчиён аз осори безаволи Шоҳномаи хаким Фирдавсӣ доир ба мавзӯъҳои “Шоҳони пешдодӣ – бунёдгузорони тамаддуни башарӣ, “Паёми Фирдавсӣ дар назми “разм” ва “Рамзи ишқ” ва дигар маърузаҳои пурмуҳтаво ироа гардид.
Шарипова О.
радиои Тоҷикистон