Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври ¼- ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 баромад

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар гурӯҳи «С» мақоми аввалро касб карда, ба даври чорякфиналии Ҷоми Осиё-2024 дар Бангкок роҳ ёфт.

Футзалбозони Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 бо қаҳрамони феълии Осиё, тими Ҷопон (1:1) мусовӣ карданд.

Дар бозии дигари гурӯҳ Кореяи Ҷанубӣ бо Қирғизистон бо ҳисоби 5 бар 5 мусовӣ кард. Ҳамин тавр, аз гурӯҳи “марг” мо тавонистем, ки роҳхати марҳилаи плей-оффро ба даст орем.

Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал тими миллии футзали Тоҷикистон бо ҳисоби 2 бар 0 муқобили Кореяи Ҷанубӣ зафар ёфта, дар даври дуюм бо тими милии Қирғизистон мусовӣ 2 бар 2 бозӣ карда буд.