Дастгир шудани муовини раиси ноҳияи Шаҳритус бо гумони гирифтани пора

Санаи 18 апрели соли 2024 шаҳрванд А.С. бо ариза унвонии раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муроҷиат карда изҳор намудааст, ки нисбати муовини раиси ноҳияи Шаҳритус Мирзобадалзода Комилҷон Мирзобадал чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Дар ин бора Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, тавзеҳ додааст, ки номбурда ҳамчун раиси комиссияи даъватии ноҳияи Шаҳритус ҷиҳати иҷро намудани амали муайян, яъне барои аз адои хизмати ҳарбӣ озод намудани даъватшаванда, ки он лаҳза дар Федератсияи Россия қарор дошт, маблағи 5000 сомониро ба сифати пора талаб карда истодааст.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз, аз ҳисоби кормандони мақомот гурӯҳи оперативӣ – тафтишотӣ таъсис дода шуда, дар натиҷаи гузаронидани амалҳои зарурӣ Мирзобадалзода К.М. дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус, Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус, кӯчаи И.Сомонӣ баъди аз шаҳрванд А.С. гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар дохили автомашинааш дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шудааст.

Маркази матбуоти Агентӣ гуфтааст, ки вобаста ба ҳолати болозикр 18 аперели соли 2024 нисбати Мирзобадалзода К.М. бо моддаи 319 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.