24 апрели соли 2024 дар Риёз сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо вазири маорифи Арабистони Саудӣ Юсуф ибни Абдуллоҳ Ал-Бунён мулоқот анҷом додааст.
Дар ин бора сомонаи ВКХ ҶТ хабар дода, менависад, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар самти маориф ва илм ва механизмҳои роҳандозии тамосу ҳамкориҳо ва табодули таҷриба байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар баррасӣ шуданд.