Баргузории даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор гардид. Дар ин давр аз ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе зиёда аз 150 нафар аз рӯи 5 наминатсия иштирок менамоянд.

Пеш аз оғози озмун муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Наргис Шарифзода баромад карда, қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”  ин дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, инчунин тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгонамон мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар аз рӯи 5 наминатсия дар се давра гузаронида мешавад. Меҳрона Кабирова донишҷӯи курси якуми Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аз рӯи наминатсияи сарояндагӣ иштирок мекунад. Ӯ аз ҳунару маҳорати худ боварӣ дошта, умедвор аст, ки дар ин давр ғолиб меояд.

Бояд гуфт, ки мувофиқи низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” хонандагоне, ки дар даври ниҳоии озмун сазовори ҷойҳои намоён мешаванд, омӯзгорони онҳо низ бо мукофотҳои пулӣ ба андозаи 10 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд. Омина Саидова хонандаи синфи 7 –уми МТМУ рақами 34 – и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе зимни суҳбат ба мо гуфт, ки соли гузашта дар озмун иштирок карда, ғолиб наомадам ва имсол кӯшиш менамоям, ки муваффақ шавам. 

Ёдовар мешавем, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилотиолии касбӣ ходимони илмӣ ва эҷодӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, мактабҳои санъат ва рассомии бачагона, инчунин колеҷи санъат, колеҷи рассомӣ ва муассисаҳои олии касбӣ, гурӯҳҳои касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги вилоят ва шаҳру ноҳияҳо метавонанд ширкат варзанд.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон”