23 апрели соли 2024 дар шаҳри Бангкоки Подшоҳии Таиланд дар чорчӯбаи 80-умин сессияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки онро муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин роҳбарӣ намудааст.
Ҷаласаҳои вазирони СПЕКА ҳамасола таҳти роҳбарии кишвари Раисикунанда доир мегардад.
Қайд бояд кард, ки тибқи розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати СПЕКА-ро дар соли 2024 ба уҳда гирифтааст.
Дар ҷаласаи мазкур иҷрои қарорҳои Декларатсияи СПЕКА (24 ноябри соли 2023, Боку), масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи баланди СПЕКА дар Душанбе, таъсиси Фонди боварии СПЕКА, иқтисоди сабз, содагардонии расмиёти савдо ва рафъи монеаҳои ғайритарифӣ дар савдо баррасӣ шуда, аз натиҷаи он Изҳороти муштараки вазирони СПЕКА қабул гардид.