Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бар тими миллии Афғонистон (2:1) пирӯз шуд ва барои аввалин бор дар таърих ба даври ниманиҳоии мусобиқот роҳ ёфта, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2024 шуд, ки он аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Тоҷикистон дар таърихи худ бори 12-ум дар даври финалии Ҷоми Осиё ширкат варзида, маротибаи сеюм аст, ки ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳхат мегирад. Бозиҳои нимфиналӣ рӯзи 26 апрел ва вохӯрии финалӣ санаи 28 апрел баргузор мешавад.