Бо шарофати раванди созандагӣ дар кишвар солҳои охир теъдоди сайёҳон ба кишвар зиёд мегарданд, дар семоҳаи якуми соли 2024 шумораи сайёҳон ба 265,1 ҳазор нафар расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 71046,8 ҳазор нафар ё 26,8 фоиз афзоиш ёфт.
Тибқи маълумотҳо, ташрифи сайёҳон ба давлати мо аз 127 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст, ки ба қатори панҷгонаи беҳтарин аз ҷиҳати теъдоди воридшавии шумораи сайёҳон, Ӯзбекистон – бо 205,1 ҳазор нафар (ё 77,4% зиёд), Россия – бо 31,9 ҳазор нафар (ё 12,0% зиёд), Қазоқистон – 7,1 ҳазор нафар (ё 2,7 % зиёд), Чин – 2,8 ҳазор нафар (ё 1,1 % зиёд) ва Туркия 2,5 ҳазор нафар (ё 0,9 % зиёд) шомил гардиданд.
Ҳамчунин афзоиши сайёҳон аз Туркманистон, Олмон, ИМА, Эрон ва Афғонистон мушоҳида карда мешавад, ки ин тамоюли мусбат аст.