Соҳибназар Ғайратшоҳ: Заминаҳои ҳамкории Тоҷикистону Италия густарда аст

Хабарнигори Радиои Тоҷикистон дар атрофи ҳамкориҳои гуногунсамти Тоҷикистону Италия бо сардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Амрикои ВКХ ҶТ Соҳибназар Ғайратшоҳ, ки дар Ҷумҳурии Италия қарор дорад, суҳбати телефонӣ анҷом дод. Фишрудаи он пешкаши шумо мегардад.

Машраби Холмаҳмад: Италия дар кадом самтҳо метавонад бо кишвари мо ҳамкорӣ намояд ва Тоҷикистон дар кадом самтҳо ниёзманди ҳамкорӣ бо Италия аст?

Соҳибназар ҒАЙРАТШОҲ: Имрӯзҳо бо шунидани номи Италия шояд барои бисёриҳо  дар мадди аввал тасаввуроти зерин пеши назар ояд: кишвари дорои табиати афсонавӣ, мавҷудияти марказҳои муди муосир, иншооти таърихӣ, аз қабили Риму Флоренсия, Ватикан ва ҳатто мафҳуми Марко Поло, ки имрӯз яке аз брендҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, бо Италияи қадим робитаи зич дорад. Махсусиятҳои Италияи имрӯза танҳо бо зарфиятҳои фарҳангиву сайёҳӣ маҳдуд намешавад. Бо инобати ҳаҷми ММД Италия имрӯз сеюмин иқтисоди босуботи  пурқуввати ИА ва даҳумин давлати иқтисодӣ дар дунё ба ҳисоб меравад. Ин кишвар аз соли 1952 инҷониб аз ҷумлаи давлатҳое ба ҳисоб меравад, дар таъсис  ва рушди Иттиҳоди Аврупо  фаъолона мусоидат карда истодааст. Имрӯз Италия  яке аз аъзоёни фаъолони ИА, созмонҳои байналмилаливу молиявӣ, аз қабили  Ҳафтгонаи бузург, Бонки ҷаҳонӣ ва ғайра буда, дар баррасии  масъалаҳои байналмилалӣ фаъол ва нақши калидӣ дорад. Бахши автомобилсозӣ , таҷҳизот, масолеҳи химиявӣ, истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ, саноати  хурока, саноати кишоварзӣ, коркарди пашму пуст аз ҷумлаи муҳимтарин бахшҳои иқтисодии ин кишвар баҳисоб меравад. Италия 85% захираҳои энергетикии худро аз кишварҳои хориҷӣ ворид мекунад. Аз ин рӯ бо талаботи АИ оид ба гузариш ба иқтисодиёти  сабз ин кишвар дар садади рушди соҳаи тавлиди энергияи сабз қарор дорад. Дар шаҳрҳои бузурги Италия он майдонҳои бекорхобида барои истеҳсоли барқ аз ҳисоби офтоб истифода бурда мешаванд. Иншооти истеҳсоли барқ, табдили он ба гидрогени сабз аз ҳисоби партобҳо ва боду офтоб  айни ҳол санҷида шуда истодаанд. Соҳаи сайёҳии Италия боиси омӯзиш аст ва солона аз ин мамлакат аз 32млн то 35 млн сайёҳони хориҷӣ дидан мекунанд. Худи мардуми Италия барои сайёҳат кардан ба хориҷи кишвар мароқи бештар доранд.  

Машраби Холмаҳмад: Дар зарфи 32 соли барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Италия ҷонибҳо дар кадом самтҳо  ҳамкориҳои созандаро ба роҳ мондаанд?

Соҳибназар ҒАЙРАТШОҲ: Қадамҳои нахустини ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Италия аллакай роҳандозӣ шудаанд. Ширкати италиявии  “ВиБилд” собиқ Салини Имперҷило  солҳои охир дар татбиқи яке аз иншоотҳои бузурги ҶТ НБО Роғун фаъолона иштирок карда истодааст. Дар қисмати шимолии ҶТ вилояти Суғд ширкатҳои итолиявии “Ҷаванӣ ва Карера” ба коркард ва истеҳсоли либосҳои пахтагин машғуланд. Маҳсулоти ин ширкатҳо имрӯзҳо зери  тамғаи Истеҳсоли Тоҷикистон дар Италия ва дигар давлатҳои Аврупо ба фурӯш гузошта шудаанд. Умуман тули 32 соли истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Италия ҷонибҳо аллакай дар бисёр самтҳо  ҳамкориҳои созандаро ба роҳ мондаанд ба мисли машваратҳои солона, ки миёни кишварҳо роҳандозӣ шудаанд, ҳамчунин сафарҳои сатҳи олӣ ва дигар абзорҳое мавҷуданд, ки ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои ҳар ду кишвар бе шубҳа мусоидат намуда истодаанд.   

Машраби Холмаҳмад: Тоҷикистон боз дар кадом самтҳо метавонад бо Италияи ҳамкориҳорои мутақобилан судмандро ба роҳ монад?

Соҳибназар ҒАЙРАТШОҲ: Дар солҳои охир як динамикаи рушди бо суботи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Италия эҳсос мегардад,  вале зарфиятҳо ҳанӯз ҳам ба таври пурра истифода нашудаанд. Ба истиснои дар боло зикргардида, имрӯзҳо миёни ҳарду кишвар имкони густариши ҳамкориҳо дар бахши энергетика, энергетика сабз,  коркарди маҳсулоти бофандагӣ, кишоварзӣ ва ҳатто фармасевтика низ вуҷуд дорад.

Машраби Холмаҳмад: Мегӯянд, ки соҳаи фармасевтика дар Ҷумҳурии Италия рушд кардааст, алалхусус фарматсевтикаи таббиӣ ва Тоҷикистон, ки аз гиёҳҳои шифобахш бой аст дар ин самт кишвари мо чи гуна ҳамкориҳоро метавонад рӯйи даст бигирад?

Соҳибназар ҒАЙРАТШОҲ:  Воқеан, фарматсевтикаи Италия низ хеле рушд кардааст. Имрӯзҳо натанҳо дар Италия, балки умуман дар қаламрави ИА низ тамоюли таваҷҷуҳи бештар ба табобат тавассути гиёҳҳои шифобахш, худдорӣ аз маҳсулоти фармасевтикаи сунъӣ эҳсос мешавад ва ман фикр мекунам, ки  дар ин соҳа ҳар ду кишвар метавонанд ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Бо инобати мавҷудияти зиёда аз 1600 номгӯи растаниҳои доруворӣ дар қаламрави Тоҷикистон ин бахш бе шубҳа метавонад  яка аз самтҳои ҳамкориҳои ҳар ду кишвар ба ҳисоб равад.

Машраби Холмаҳмад: Дар қаламрави Ҷуҳуриии Италия имрӯзҳо масъалаи муҳоҷират норасоии мутахассисон дар ҷазираи Сардиния ва қисми ҷанубии ин кишвар  эҳсос мегардад, агар дар ин самт  ҷонибҳо ҳамкориҳоро ба роҳ монанд, ба фикрам барои ҳарду кишвар аз манфиат холӣ нест?

Соҳибназар ҒАЙРАТШОҲ:  Фикр мекунам ин мавзуъ низ минбаъд метавонад яке аз самтҳои  ҳамкориҳои ҳар ду ҷониб бошад. Бинобар камбудии қувваи корӣ, набудани мутахассисон дар бахши кишоварзӣ ва чорводорӣ ба коҳиши рушди ҷомеа оварда расондааст.  Барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ҳар ду давлат имкониятҳои зиёд вуҷуд дорад ва бо итминони комил метавон гуфт, ки дар марҳалаи навбатӣ робитаҳои сиёсив, иқтисодӣ ва тиҷоратии ҳарду кишвар боз ҳам вусъат ёфта, бе шубҳа дар марҳалаи навбатӣ ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Италия чи дар шакли  дуҷониба ва чи дар доираи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо вусъат ёфта, ҳаҷми гардиши мол миёни ҳар ду кишвар боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт.

Машраби Холмаҳмад,

Радиои Тоҷикистон