Баргузории мизи мудаввар доир ба нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди НБО “Роғун”

Имрӯз дар шаҳри Роғун мизи мудаввари Шурои ҷамъиятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шурои ҷамъиятии шаҳри Роғун дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди НБО “Роғун” ва аҳамияти байналмилалии ин нишооти аср” баргузор гардид. 

Дар ин ҳамоиш намояндагон аз 19 ташкилоти ҷамъиятӣ ҳузур доштанд.  Иштирокчиён зимни суханронӣ нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди Роғун муҳим арзёбӣ намуданд. Баён гардид, ки феълан корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузурги аср бо маром идома дорад ва 18 ҳазор нафар сохтмончӣ дар он кору фаъолият доранд.

Дар рафти ҷаласа Сафарзода Хайрулло директори генералии ҶСК Роғун аз ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ бо муҳандисон ба таври онлайни тамос гирифт ва кормандон ба иштирокчиён ҷаласа вазъ ва шароити корро хуб арзёбӣ намуда, иттилоъ доданд, ки корҳо тибқи нақша амалӣ мешавад.

Дар охир иштирокчиён назару андешахояшонро оид ба самаранокии НБО-и “Роғун” иброз доштанд  ва хизматҳои Пешвои миллатро дар бунёди ин иншооти муҳими тақдирсоз мондагор арзёбӣ намуданд.

Раҳматулло Одина,

радиои “Тоҷикистон”