Имрӯз дар Академия миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯъи “Илм аз дидгоҳи олимони ҷавон” доир гардид.
Дар кори конфронси Президенти академияи миилли илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, муҳаққиқони ҷавон, докторатон, унвонҷуён, магистрантони Академияи мазкур ширкат варзида суханронӣ намуданд.
Ба кори конфронс Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида иброз дошт, ки конфронси мазкур дар доираи баргузории “Ҳафтаи илм” мебошад.
Дар идомаи конфронс Қобилҷон Хушвахт зикр дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҳамчун ояндаи давлату миллат қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа дониста, ин баҳои баланди Сарвари давлат ва нақши ҷавонон дар рушди илм низ дахл дорад ва ин боварии калони Пешови миллат ба олимони ҷавон боиси болидарӯҳӣ ва ифтихори ҷавонон гардида аст.
Дар ин хусус ҳамкорамон Сураёи Сироҷиддин аз ҷараёни конфронси “Илм аз дидгоҳи олимони ҷавон” иттилоъ доданд.