Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла сафари расмии Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷумҳурии Италия ва Ватикан, масъалаи мубориза бо малах дар заминҳои кишоварзӣ, асароти тағийрёбии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон, муқовимат бо ифротгароии ҷавонон ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 25 апрел аз ҷараёни сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷумҳурии Италия хабар ва гузоришҳои аксӣ мунташир кардааст.
Бояд гуфт, ки пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии Тоҷикистон ва Италия дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия хонум Ҷорҷия Мелонӣ 7 санади нави ҳамкорӣ дар бахшҳои амният, мубориза бо маводи мухаддир, сайёҳӣ, фарҳанг, илм ва ҳифзи муҳити зист ба имзо расид.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 24 апрел бо нашри мақолае масъалаи мубориза бо малах дар заминҳои кишоварзиро баррасӣ кардааст. Дар ин матлаб зикр мешавад, ки бино ба мушоҳидаҳо, чанд соли охир бо сабаби гарм омадани зимистон ва аввали баҳор ҳолати паҳншавии малах барвақттар ба қайд гирифта мешавад. Имсол низ аз тухм баромадани ин ҳашароти зараррасон назар ба соли гузашта 14 рӯз пештар, яъне 22-юми феврал ба чашм расид.
Дар идома гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон то 16-уми апрели соли равон дар майдони зиёда аз 28 ҳазор гектар малах паҳн шуда, то кунун дар майдони 20 843 гектар муқобили ин ҳашарот коркарди кимиёвӣ анҷом ёфт. Имсол Ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зиёновар 4 миллион сомонӣ ҷудо карда, дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ситодҳои мубориза бар зидди малах таъсис ёфтанд.
Дар ин замина зикр мешавад, ки яке сабабҳои пурра нобуд нашудани малах, пеш аз ҳама, мавҷудияти он дар ноҳияҳои наздисарҳадии кишварҳои ҳамсоя аст. Масалан, заминҳои наздисарҳадии Афғонистон манбаи асосии пайдоиши малах буда, аз он ҷо ин ҳашарот ба ноҳияҳои наздисарҳадии кишвари мо ворид мегардад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлабе дигаре хабар додааст, аз тарафи мутахассисони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ дар се моҳи равон дар натиҷаи санҷишҳои назоратӣ нисбати 180 нафар корманди муассисаҳои фармасевтӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҷозоти маъмурӣ ба маблағи умумии 408 ҳазору 920 сомонӣ татбиқ карда шуд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар Тоҷикистон айни замон 3354 муассисаи фармасевтӣ фаъолият дорад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи 24 апрел дар матлабе таъсири тағйироти иқлимӣ ба вазъи пиряхҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.
Муаллиф менависад, ки агарчи Тоҷикистон дар ҳаҷми глобалии партовҳо дар сатҳи пасттарин қарор дошта, ҳамагӣ сифру аз даҳ ҳазор се (0,0003) фоизро ташкил диҳад ҳам, раванди гармшавии глобалӣ ба пиряхҳои Тоҷикистон низ бетаъсир намондааст.
Аз ҷумла олимон пиряхҳои болооби дарёҳои Ғунд ва Зарафшон нисбат ба пиряхҳои Помири Шарқӣ бештар коҳиш ёфтаанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки пиряхҳои Помири Шарқӣ, ки нисбатан дар баландӣ ҷойгир буда, ҳаҷми калон доранд, камтар об мешаванд.
Яъне, онҳо ба тағйирёбии иқлим устувортаранд, аммо пиряхҳое, ки поинтар ҷойгиранду масоҳаташон аз 1 километр хурдтар аст, таъсири тағйирёбии иқлим дар онҳо бештар мушоҳида мегардад. Олимон муайян намуданд, ки баъзе пиряхҳо қисм-қисм ҷудо шуда, пиряхҳои алоҳидаро ташкил кардаанд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 24 апрел мақолаи таҳлилие таҳти унвони “Чин аз Русия гузашт. Чаро сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд?” чоп кардааст. Муаллиф дар ин мақола менависад, ки соли гузашта Қазоқистон беш аз 220 млн доллар, Чин беш аз 130 ва Русия қариб 100 млн доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ намудаанд. Дар идома зикр мешавад, ки аз соли 2010 инҷониб Чин бузургтарин сармоягузор ба иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Ба гуфтаи муаллиф, Русия то соли 2014 дар сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон пешсаф буд, аммо аз соли 2015 Чин ба ин кишвар баробар шуд ва баъдан босуръат пеш гузашт. Ба андешаи таҳлилгарон, Чин дар оянда низ сармоягузори аслии иқтисоди Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд Баҳром Шарипов коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, ки дар рушди соҳаи саноати Тоҷикистон маблағгузории Чин зиёдтар аст.
Ба гуфтаи вай, яке аз вижагиҳои ҷолиби сармоягузорони чинӣ дар он аст, ки онҳо сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистонро авлотар медонанд. Яъне, ширкатҳои худро таъсис медиҳанд ва ё саҳмияҳои корхонаҳои алакай дар ҳудуди кишвар мавҷудбударо мехаранд. Баҳром Шарипов афзуд, ки шакли дигари сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон қарзҳоии имтиёздор аст.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 25 апрел бо такя ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки дар ояндаи наздик боркашонии транзити автомобилӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон осон мешавад. Нашрия ёдовар мешавад, ки дар ҷараёни сафари ахири Шавкат Мирзиёев президенти Узбекистон ба Тоҷикистон дар баробари дигар санадҳои ҳамкорӣ, тафоҳумнома барои содда кардани низоми транзити мошинҳои борбар миёни ду кишвар низ ба имзо расид.
Мувофиқи санади имзошуда, гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави ҳарду давлат бе рухсатнома амалӣ хоҳад шуд. Низоми нав баъди тасвиби санад аз ҷониби ҳарду давлат мавриди амал қарор мегирад. Феълан, дар натиҷаи густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон, ҳамасола тавассути қаламрави ду кишвар беш аз 1200 боркашонии транзитӣ амалӣ карда мешавад.
Мувофики маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон соли гузашта тақрибан 80 ҳазор иҷозатнома барои транзит ба маблағи 8 миллион доллар фурӯхта шудааст. Дар ҳоли ҳозир ронандагони мошинҳои боркаш метавонанд аз Тоҷикистон тавассути 13 гузаргоҳ вориди Узбекистон шаванд.
Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 25 апрел бо нашри матлабе хабар дод, ки дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таҳия мешавад. Нашрия менависад, ки мавзуъ ахиран зимни як ҳамоиш дар Душанбе бо ҳузури намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, вакилони парлумон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва рӯзноманигорон матраҳ шуд.
Дар ин нишаст зикр шуд, ки лоиҳаи қонун барои баррасӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод кард. Баъди таҳияи пурраи лоиҳаи қонуни мазкур он дар вазорату идораҳои кишвар мувофиқа ва баъд ба Ҳукумати кишвар ирсол мешавад.
Гуфта мешавад, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур 21 табақаи шаҳрвандон, аз он ҷумла қишри осебпазири аҳолӣ муқаррар шудаанд, ки метавонанд ба соҳибкории иҷтимоӣ машғул шаванд. Дар ин замина таъкид мешавад, ки соҳибкории иҷтимоӣ як роҳи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ тавассути тиҷорат мебошад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”