Хабар

Барқияи тасаллияти ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

1-ДУШАНБЕ, 31.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Ҷалолатмаоб,

Хабари таркиши маргталабона дар шаҳри Кобул, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта дар моҳи шарифи Рамазон гардид, моро дучанд андӯҳгин намуд.

Мо ин амали ғайриинсонӣ ва ваҳшиёнаи террористонро, ки хилофи суннату оинҳои поки дини мубини Ислом мебошад, шадидан маҳкум менамоем.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба Шумо, Ҷалолатмаоб, наздикону пайвандони қурбоншудагон ва тамоми мардуми дӯсти Афғонистон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил орзумандем».

 

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз тарафи Пешвои миллат

ДУШАНБЕ, 30.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.

1

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ва дигар санадҳои қонунгузории соҳаи тандурустӣ қабул гардида, муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи тандурустӣ танзим мекунад ва ба таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ нигаронида шудааст.

Кодекси мазкур низоми тандурустӣ, тартиби ташкил ва пешбурди фаъолияти тиббии давлативу хусусӣ, намуд ва шаклҳои кумаки тиббӣ, тарбияи кадрҳо дар соҳа, таъмини модару кӯдак бо кумаки тиббӣ, ҳифзи солимии ҷамъиятӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ, расонидани кумаки тиббӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон, назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, маблағгузории соҳа, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони соҳаи тандурустӣ ва паҳлӯҳои дигари соҳаро танзим мекунад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардид, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунро танзим намуда, принсипҳои асосӣ, мафҳум, намуд, низом ва таносуби байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тартиби таҳия, пешниҳод, қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо, интишору ба қайдгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва паҳлӯҳои дигари фаъолияти қонунгузориро муқаррар мекунад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» таҳия ва қабул гардида, муносибатҳоро вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳимоя ва рушди рақобат, фаъолияти самарабахши бозорҳои мол, таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ ва фаъолияти озоди иқтисодиро муайян менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» мақсад, вазифа ва принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, хусусият ва механизмҳои амалӣ намудани дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноатро муқаррар намуда, ба ташаккул ва устувор намудани иқтидори саноатии кишвар равона гардидааст.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ба кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки мувофиқи он ба шахсони пешбарандаи фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ имтиёзҳо пешбинӣ карда шуданд.

Қонунҳои баимзорасида ба пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, инчунин мутобиқ намудани қонунгузории амалкунанда ба тағйиру иловаҳое, ки 22 майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, равона карда шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

 

Нишасти матбуотӣ дар Кумита

ktrСанаи 13 – уми январи соли 2017 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон ва хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир хоҳад гашт.
Нишаст дар толори худи Кумита баргузор мегардад.

Оғози нишаст: соати 8:00

 
 

Дар Истамбул 8 гумонбар барои ҳамла ба клуби шабонаи боздошт шуданд

istambul2

 

 

Пулиси Туркия мегӯяд, дар робита ба ҳамлаи хунини ахири Истамбул 8 гумонбарро боздошт кардааст. Масъулияти ин ҳамларо, ки наздики 40 кушта бар ҷой гузошт, гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ба зимма гирифт. Ҳамла ба клуби шабонаи "Reina"-и Истамбул шаби 1 январ сурат гирифт. Шахси мусаллаҳе вориди толор шуда, ба сӯи садҳои муштарии клуб оташ кушод, ки дар натиҷа 39 одам кушта ва наздики 70 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин ҳодиса шаҳрванди 28-солаи Русия Нурана Гасанова низ ҷон додааст. Ҷасади Гасановаро алакай наздиконаш дар Истамбул шиносоӣ кардаанд.

 

Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

Убайдуллоев МИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд.

Бо фармонҳои Президенти мамлакат Рустами Эмомалӣ аз вазифаи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия озод ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти 

 

 

Рустами Эмомалимаҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати озод гардидани Расулов Ашурбег Раҳматуллоевич аз вазифаи муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, Самадов Шакарбек Додхоевич аз вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе, Мақсудзода Шӯҳрат аз вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе, Ҳакимов Низом Ҳоҷиевич аз вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе розигӣ доданд.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд аз вазифаи Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, барои таъйин ба вазифаи муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе розигӣ дода шуд.

Назирмадзода Бахтиёр бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Муинӣ Мавсума бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, фаъолияти худро минбаъд ба ҳайси муовинони Раиси шаҳри Душанбе идома хоҳанд дод. Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вазифаи муовини Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардидани Саидзода Қурбон Тағай ва Ҷумазода Фаррух Турақул розигӣ доданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Саиднуриддин Акрам аз вазифаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Қурбонов Аламхон Ҷамилович аз вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Сиёмардзода Сайдамир аз вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод карда шуданд.

      Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Нусратулло Файзулло аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Самӣ Шариф Ҳамид аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун» озод ва бо Фармони Президенти мамлакат иҷрокунандаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъйин карда шуд.

Ҳамчунин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Низом Ҳоҷӣ иҷрокунандаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардид.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа аз вазифаи муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Ҳамчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфаров Наврӯз Ҷунайдуллоевич аз вазифаи муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.

Дар идомаи тағйироти кадрӣ Сардори давлат бо Амри худ Раҷабалӣ Саидвализодаро Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намуданд.

Ҳамаи кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ ва масъули шаҳри Душанбе таъйин гардиданд, ҷавону корозмуда, донандагони забони хориҷӣ буда, дар фаъолияти худ дар соҳаҳои гуногун дараҷаи баланди касбият, малакаи хуби роҳбарӣ нишон дода, дар ҷомеа соҳиби обрӯ ва эҳтиром гардидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи онҳое, ки имрӯз масъулияти роҳбариро дар зинаҳои гуногуни ҳокимияти маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе ба зимма гирифтанд, талаб намуданд, ки дар чаҳорчӯбаи Қонун, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеоянд, фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар шаҳру ноҳияҳои пойтахт боз ҳам пурзӯр намуда, бо дасту дилу нияти пок дар хизмати мардум бошанд.

Садоқат ба Ватан, хизмати софдилона ба мардум, заҳмат ба хотири ободиву сарсабзии пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе, таъминоти аҳолӣ бо нақлиёт, гармӣ, неруи барқ ва дигар ниёзмандиҳои мавриди аввали мардум аз вазифаҳои асосии ҳар як роҳбар ба ҳисоб рафта, бояд дар ин самт назорати ҷиддӣ ва масъулияти баланд эҳсос намоед,- таъкид намуданд Роҳбари давлат дар фарҷоми мулоқот.

 
 

Саҳифаи 6 аз 95

Back to Top