Имрӯз — Рӯзи байналмилалии китоби бачагона. Охирон бор кай барои фарзандамон китоб харидем ё онро туҳфааш намудем?

PDFПечать

kitob 01Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ба муносибати Рӯзи байналмилалии китоби бачагона Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Таранумгари сухан» оғоз гардид, ки он то 9 апрел дар саросари мамлакат идома меёбад. Фестивали мазкур ба ҳукми анъана даромада, дар ҷараёни  он  баргузории намоиши китобҳои тозанашр ва дастранҷи бачаҳо, вохӯрӣ бо адибон, барномаҳои консертӣ бо иштироки хонандагони мактабҳо ва маҳфилҳои адабӣ дар назар дошта шудааст. 

 Чаро маҳз 2 апрел Рӯзи байналмилалии китоби бачагона ҷашн гирифта мешавад?

2 апрел таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии китоби бачагона ба  зодрӯзи нависандаи бузурги достонҳои кӯдакона Ҳанс Кристиан Андерсени даниягӣ иртибот дорад. Шӯрои Ассотсиатсияи байналмилалии кӯдакон ва ҷавонон (International Board on Books for Young People, IBBY)  қарор кард, ки маҳз дар зодрӯзи ин нависандаи дӯстдоштаи бачаҳо  таҷлил намудани ин рӯз барояшон хотирмон хоҳад буд.  Бо қарори ташкилоти мазкур  шурӯъ аз соли 1967  ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҳамасола 2 апрел  Рӯзи байналмилалии китоби бачагонаро бо  баргузории  чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ  таҷлил  менамояд.

Дар  Тоҷикистон низ ба муносибати ин рӯз барномаҳои гуногуни фарҳангӣ доир  мегарданд, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» аз зумраи онҳост.

Директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусейн Сафарзода иброз намуд, ки  Рӯзи умумиҷаҳонии китоби бачагона  зиёда аз 10 сол мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ҳадаф аз баргузории ин сана ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Ба андешаи таҳлилгарон, адабиёти бачагона таърихи чандон куҳан надорад. То миёнаҳои асри XVII асосан ба кӯдакон ба таври шифоҳӣ қиссаву достонҳо нақл мекарданд ва ин тарзи гуфторро фарзандон ба насли баъдӣ интиқол медоданд. Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи Ҳукумамти мамлакат ба самти китобдору кихобхонӣ беҳтар гардид. Инчунин баргузории як қатор барномаҳои фарҳангӣ ба ин раванд мусоидат намуд.

Аз ҷумла, бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар баҳри тарғиби адабиёт, ҷалби наврасон ба китобу китобхона ва кашфи эҷодкорони ҷавону наврас ҳамасола Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор карда мешавад.

Оё китоби маъмулӣ барои кӯдакон вуҷуд дорад? Ва ё кӯдакон имрӯз китоб мехонанд?

«Буд набуд, будгор буд. Замин набуд, шудгор буд. Дар як замон дар як макон…». Бо чунин суханон оғоз мекарданд афсона ё қиссаро бибию модаронамон. Имрӯз низ мо бо шеваи пешина ба кӯдаконам афсона нақл мекунем. Инчунин шеъри «Бибиҷонам меояд, Дилу ҷонам меояд»-и Гулчеҳра Сулаймонӣ ва ё «Ман калон мешавам, Қаҳрамон мешавам»-и Мирсаид Миршакарро меомӯзонем.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз даҳ таълимгирандаи ширхоргоҳ пурсон гардид, ки кадом шеър ва ё афсонаро медонед. Кӯдакон шеъри маъмули «Бибиҷон», «Ман калон мешавам» ва афсонаи «Бузаки ҷингилапо»-ро номбар карданд. Мураббияҳои кӯдакистонҳо мегӯянд, ки маҷаллаю китобчаҳои афсонаю ривоётро бо ороишоти зебо дастрас менамоем. Аммо забони баёни онҳо мушкилфаҳм мебошад, ки ба зеҳни кӯдакон ҷой намудани  он хеле душвор аст. Асосан кӯдакон бештар ба он афсона ва шеъре ниёз доранд, ки сода ва равон бошад.

Агар ба адабиёти имрӯза ва гузаштаи тоҷик назар афканем, дар он нависандагон ва шоирони барои бачагон менавишта кам нестанд. Вале мушкили нарасидани китобҳои бачагона ба чашм аён аст.

Мудири шуъбаи илмӣ-методӣ ва маълумотдиҳӣ-библиографии Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Муҳаббати Юсуф  изҳор дошт, ки мутаассифона, рӯз то рӯз сафи онҳое, ки барои бачаҳо эҷод мекунанд, кам шуда истодааст.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, ҳадаф аз баргузории  Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» он аст, ки аз миёни кӯдакон ва наврасон падидаҳои нав ба адабиёт ворид шаванд. Инчунин ба воситаи ин гуна барномаҳо нависандагон ва шоирони шинохтаро ба онҳо шинос намуда, сафи дӯстдорони адабиётро зиёд гардонем.

Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар мамлакат Амре буд саривақтӣ ва созанда. Зеро бори дигар исбот намуд, ки дар дили мардуми тоҷик меҳри китобу китобхонӣ ҳанӯзам побарҷост.

Агар ба натиҷаҳои озмуни соли гузашта назар афканем, мебинем, ки бештари ғолибонро кӯдакон ва наврасон ташкил намуданд. Ин нишонаи он буд, ки кӯдакону наврасони тоҷик қобилияти фавқулода доранд, зеро ин миқдор мисраъҳоро дар хотираи худ ҷой додан кори осон нест.

Тавре дар Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик омадааст:

«— осори насрӣ — 50 номгӯй, осори назмӣ — на кам аз 1000 байт (аз эҷодиёти Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонова, Аминҷон Шукӯҳӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Нӯъмон Розиқ, Убайд Раҷаб, Акобир Шарифӣ, Мавҷуда Ҳакимова, Алӣ Бобоҷон, Нозирҷон Боҳирӣ, Ҷӯра Ҳошимӣ, Латофат Кенҷа, Юсуфҷон Аҳмадзода, Азизи Азиз ва дигарон, инчунин афсонаҳои халқи тоҷик, чистону латифаҳо ва ғайраҳо)».

Директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусейн Сафарзода изҳор дошт, ки «баъд аз Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории Озмуни мазкур сафи хонандагони китобхонаи мо хеле афзуд. Ин гувоҳи он аст, ки таваҷҷуҳи наврасон нисбат ба ин ганҷи бебаҳо зиёд шудааст. Барои мисол, наврасоне, ки ба китобхонаи мо меоянд, бештари онҳо аллакай достонҳои зиёди «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро аз бар намудаанд, ки нишони майлу рағбат доштани онҳо нисбат ба китобу китобхонист. Ин далели он аст, ки насли навраси мо ташнаи илму маърифат ва дониш мебошад. Дар ин ҳолат танҳо василаи шавқманд намудани онҳо волидайн ва боғчаву мактаб аст».

  Охирон бор кай барои  фарзандамон китоб харидем ё онро туҳфааш намудем?

Ногуфта намонад, ки сарчашмаи донишу маърифати кӯдак аз  оила сар мезанад. Зеро кӯдак дар кадом муҳите, ки ба воя расад, ба он тақлид мекунад. Барои ин, пеш аз ҳама, падару модарон ба тарбияи фарзанд бояд диққати ҷиддӣ диҳанд. Дар баробари ба воя расонидани кӯдак ҳамзамон барои  баланд бардоштани сатҳи маърифати ӯ низ бояд кӯшиш ба харҷ дод. Аз овони кӯдакӣ то ба мактаб онҳоро ба шунидану аз худ кардани афсонаҳо одат кунонанд. Кӯдакон афсонаву шеърҳоеро, ки ба онҳо заруранд, тез мутолиа ва қироат мекунанд. Инчунин дар баробари харидани туҳфаҳо дар зодрӯзу дигар ҷашнҳо ба фарзандонашон китоб тақдим намоянд. Ё дар ин рӯз як бор андеша кунем, ки охирин бор кай ба фарзандамон китоб харидем ё онро туҳфа кардем?

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва фарҳанг-ин тарбияи насли ояндаи миллат дар рӯҳияи созандагӣ, бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва мероси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, равона сохтани майл ва завқу рағбати онҳо ба донишомӯзӣ, баҳрабардории ҳарчи бештари кӯдакону наврасон аз дастовардҳои илмию техникӣ, техника ва технологияи муосир ба шумор меравад.

Тавре ки аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: «Моро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангиро беҳтар гардонем, аҳли ҷомеаро ба ин муассисаҳо ҳарчи бештар ҷалб кунем ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва рушди фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшем».

Барои иҷрои ин вазифаи басо пурмасъулият китобхонаҳои бачагона ва мактабии мамлакат ҳамчун марказҳои фароҳамоварӣ, нигоҳдошт ва омӯзишу тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ, донишҳои умумибашарӣ дорои имкониятҳои нисбатан васеи тарбияи насли наврас буда, дар ин самт мавқеи калидиро ишғол менамоянд.

Бо дарназардошти ҳамин масъулияти иҷтимоӣ Муассисаи давлатии Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар ҳамкорӣ ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ анъанаи пурарзиши китобдӯстиро ҳамасола дар мамлакат пайгирӣ намуда истодааст.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Back to Top