vtem newsroll

Дар Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 хатсайри нави сайёҳӣ ташкил гардид

vtem newsroll

Маҷмӯаи афсонаи мусаввари «Қаҳрамони абадӣ-Темурмалик» дар Кореяи Ҷанубӣ ба табъ расид

vtem newsroll

Аз шаҳри Душанбе 5 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд

vtem newsroll

НАВРӮЗ – МУЖДАЕ АЗ ОСОРИ КУҲАН. Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи таърихи пайдоиши ин ҷашни бостонии миллати тоҷик ва эҳёву шукуҳи он дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

vtem newsroll

Тавсияҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон оид ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус

«НАВРӮЗРО АЗ ХУРОФОТ БОЯД ҶУДО КАРД, ЗЕРО ОН НА БА ИН Ё ОН ДИН, БАЛКИ БА НИЁЗҲОИ АЗАЛИИ ИНСОН РАБТ ДОРАД». Чунин мешуморад профессор Аскаралӣ Раҷабов. Ва шарҳи он ки рамзи Наврӯзро аз кадом ҷиҳат метавон ба аҳроми Маслоу шабеҳ донист

PDFПечатьE-mail

2020-03-13ramzhoi navruz 01Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 феврали ҳамин сол  рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид. Рамзи мазкур арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Лоиҳаи он  аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.

Дар робита ба мазмуну муҳтаво ва нақшу нигоре, ки дар рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷой дода шудаанд, хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо яке аз муаллифони лоиҳаи он — доктори  илмҳои таърих, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскаралӣ РАҶАБОВ суҳбат намуд.

Тавре олими тоҷик иброз намуд, ҷашни Наврӯз таърихи деринаи бостонӣ дорад ва аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, дорои арзишу сифатҳои нек мебошад. Аз ҷумла, зимни таҳияи рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 ваҳдату ҳамраъйӣ ва дӯстиву рафоқат, ки аз муҳимтарин ойинҳои ин ҷашни фархунда дониста мешаванд ва мардуми мо ба он арҷ мегузоранд, ба назар гирифта шудаанд.

44-3 02Бино ба андешаи муаррихи тоҷик, ҷашни Наврӯз аз назари мазмуну муҳтаво нисбат ба  ҳама ҷашну маросими дигари фарҳангии мо фаротар буда, ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти инсонро фаро мегирад. Вай ягона ҷашнест, ки аз нишона ва рамзи хоси худ, ки эҳёи табиат ва таҷдиди зиндагӣ аст, дар шакли рӯиши сабза ё сабзаи навдамида иборат аст.

Рамзи мазкур, яъне суманаки арчамонанд аз ҳафт табақ иборат мебошад. Суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад. Суманак инчунин ифодагари пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар миёни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии инсон аст, ифода менамояд. Сабзаҳои суманак, пеш аз ҳама, ба рӯиш, зинда ва бедор шудани табиат марбут мебошанд ва рамзи сарсабзӣ, ҳамешаҷовидонӣ, нумӯ ва хуррамии инсониятро бозгӯ менамояд. Мардуми ориёитабор сабзаро дар хони худ чун нишони тароват, боландагӣ, хуррамӣ мегузоштанд ва онро рамзи сари сол медонистанд.

Darahti-sumanak 03Ҳафт табақ  гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, дар дохили он сабзаҳои гандум ҷойгир шудаанд. Анъанаву маросими наврӯзӣ, махсусан дар зарфҳо коштани гандум ва аз он сабза рӯёндан, паҳн намудани суфраи ҳафт син ва ё ҳафт шин ҳамчун рамзи баҳор ва сабзу хуррамии зиндагӣ ба мардум умед ба имрӯзу фардо мебахшанд ва қалбҳоро пур аз орзую омоли нек мегардонанд.

Табақи гирд рамзи давра буда, дар атрофи табақ муттаҳид шуданро ифода мекунад. Яъне, табақ инсонҳоро сарҷамъ мекунад. Дар табақ на танҳо хӯрок, балки ваҳдату ягонагии инсонҳо низ  муҷассам шудааст. Вақте дар сари табақ якҷоя мешинӣ, ҳама кинаҳо, хусуматҳо ва низоъҳо гум мешаванд. Ҳангоме ки дастҳо болои ҳам омаданд, пайванду якдилӣ ва муттаҳидӣ  ба амал меояд.

Ҳар як нақшу нигори гирди табақ ифодагари семантикаи (мазмуну моҳият – тавзеҳи АМИТ «Ховар») махсус аст. Дар нақшҳо фақат рангҳои равшан истифода шудаанд. Зеро яке аз рамзҳои наврӯзӣ рушноӣ аст. Ба воситаи ин рангҳо замин, табиат, осмон ва гулҳо, ки рамзи умед ба рӯзи неканд, ифода ёфтаанд. Ранги зард  рамзи офтоб, зиндагӣ, фаровонӣ ва равшанӣ мебошад. Рангҳои равшан бояд вуҷуди инсонро равшан кунанд.

Дар табақи охирини суманак, яъне  табақи ҳафтум гули наврӯзӣ гузошта шудааст. Ин гул ҳафт барг дорад ва фақат дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мерӯяд. Гули шукуфон дар болои он баёнгари бовар ба ояндаи нек мебошад.

Донишманди тоҷик мегӯяд, ки Наврӯз бо фарорасии баҳор ба кошонаҳои мо нуру зиё мебахшад ва дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор месозад. Ин мероси пурарзиши ҳастӣ тавлиди нахустшодии башар аст, яъне расидан ба остонаи рӯзгори нав, равзанаи кушоишу ҷӯёишҳои тозаи ормонҳо мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввалин рӯзи сол омадааст, яъне, ки соли нав аз он оғоз мегардад.

Ба нақли ҳамсуҳбати мо, ниёгони мо ба пешвози Наврӯз тайёрӣ медиданд, чанд рӯз қабл аз Соли нав маросиме бо номи «хонабаророн» ё худ «хонатаконӣ» мегузарониданд. Тамоми палосу кӯрпаву лавозимоти хонаро офтоб дода, ҳама ҷоро тозаву озода мекарданд. Ҷашни Наврӯз расман бо ин суннатҳо оғоз мегардад. Ҳар сол табиат хонаи худро покизаву нав мекунад. Мо низ бояд хонаи дилро аз гарди ғам пок намоем ва боғи хотирро аз гулҳои ишқу умед ва некӣ сабзу хуррам кунем. Бояд ба мисли табиат аз хоби сарди андешаҳои кӯҳнаву беҳуда бархоста, баҳори кору зиндагиро аз сар оғоз намуда, дар сафари зиндагӣ манзили ҳар рӯзу моҳу солро беҳтар аз дирӯз созем.

Профессор Аскаралӣ Раҷабов бар он назар аст, ки Наврӯзро бояд аз хурофот ҷудо кард. Зеро Наврӯз ба ягон дин, қавм ва мазҳаб иртибот надорад. Наврӯз ойинаи сулҳу сафо ва дӯстиву муҳаббат аст, зеро ба истиқболи он дар баробари тозаву покизагии хонаву муҳити зист тану ҷонро низ бояд поку мусаффо сохт. Бино ба расми ниёгон, дар ин рӯз ғубори кудуратҳоро аз ойинаи дил зудуда, хонаи ҷонро ҷойгоҳи муҳаббат ва покизагӣ гардонда, дар фазои сулҳу оштӣ дӯстона ба сӯи зиндагии навин, хушбахтӣ ва саодату ҳамкорӣ қадам гузошт.

Ahromi-Maslou 04ДАР АКС: аҳроми (пирамидаи) Маслоу.

Дар омади гап, дар  ҳафт табақи  гирд омода кардани суманак, ки рамзи коиноту замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад, то ҷое ба «аҳроми Маслоу», ки онро «пирамидаи ниёзҳои инсон» низ меноманд, хеле монандӣ дорад. Абраҳам Маслоу равоншиноси машҳури Амрикост, ки соли 1908 дар Ню-Йорк ба дунё омада, соли 1970 дар Калифорния аз олам даргузаштааст.

Аҳроми сохтаи ӯ, ки низ аз ҳафт қабат иборат аст,  инсонҳоро ба кору амали нек  ва кӯшишу талош ба рушду  нумуъ ҳидоят менамояд.     Ба ақидаи Маслоу, дар қабатҳои ин аҳром ниёзҳо ва ё эҳтиёҷоти  зотии инсон ифода ёфтаанд. Инсон барои он ки комил ва хушбахт гардад, ба ҷуз эҳтиёҷи физиологӣ (хӯрок, об, хоб, ҳаво ва ғайра)  шаш навъи дигари ниёзҳо низ дорад: амният, вобастагӣ ва муҳаббат,  эҳтирому  эътимод, донишу маърифат,  зебоӣ ва нафосат ва, ниҳоят, худсозӣ ва нишон додани донишу маҳорат ва ақлу фаросати худ дар амал.

Пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки муаллифони рамзи наврӯзӣ ба орзу ва ниёзҳои инсон, ки яке аз суннатҳои наврӯзӣ аст, рӯй овардаанд. Ва агар ин орзуву ормони мардум бароварда шавад, ҷомеаи мо ба нуқтаи олии хушбахтӣ ва осоиш хоҳад расид.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

On-Line

01 02  03 04 

 

  

 

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

МО дар FACEBOOK

Back to Top