Ш. Пирмуҳаммадзода: сил ирсӣ нест!

A-513Мусоҳиба бо Бобоҷон Шарипов, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил атрофи вазъи эпидемиологӣ, сару садоҳо дар мавриди ин беморӣ ва усулҳои муваффақи  табобати сил.

-Дар хусуси ирсӣ будан ё набудани ин беморӣ байни ҷомеа номафњумии зиёд аст. Тиб дар ин хусус ба чи натиҷа расидааст?

-Бемории сил музмини сироятӣ мебошад. Ирсият доштани ин беморӣ асос надорад. Агар хонаводаҳое, ки дар мавриди аломатҳои ин беморӣ намедонанду як узви оила гирифтори ин беморӣ гардид, хатари гирифтор кардани атрофиён бештар мешавад. Чунки ҳангоми сулфа ё балғамхориҷкунӣ чубчамикроби сил ба муҳит паҳн мешавад.

То замони муроҷиат ба табиб ин беморон манбаи сироятёбии атрофиён маҳсуб мешаванд. Бархеҳо ин нозукиро дарк намекунанд ва бо назардошти ҳамин ҳолатҳо овозаҳо дар миёни мардум паҳн шудааст, ки ин беморӣ ирсӣ аст. Вале ҳақиқати ҳол ин набуда, бемории сил ирсӣ нест!

Аҳолӣ бояд аломатҳои бемориро донад. Сулфаи давомдор (зиёда аз 2-3 ҳафта) дамкўтаҳӣ, лоғаршавӣ, баландшавии ҳарорати бемор, заифӣ аломатҳои бемории сили шушӣ ба ҳисоб мераванд.

Нишонаҳои сили ғайришушӣ-пайдошавии дард, варам ё пайдоиши фасодхалта дар бадан мебошад. Агар сили ковокии шикам бошад, варами шикам мушоҳида мешавад.

Вале 70-80 дарсади бемории сил, шушӣ буда, мо бояд ба аломатҳои он диққат диҳем ва дар сурати мушоҳида ҳатман ба табиб муроҷиат намоем.

Барангезандаи хоси ин беморӣ чубчамикроби сил ё Кох маҳсуб мешавад. Роҳи асосии паҳншавии беморӣ тавассути ҳаво буда, аксарияти беморони бақайдгирифташуда беморони шушӣ мебошанд.

-Барои табобати комили як бемор чи қадар вақт лозим аст?

Бемории сил сироятӣ ҳаст. Ҳамзамон, бемории сил табобатшаванда буда, бо риояи тартиби табобат, интихоби реҷаи табобат ва мавҷуд будани доруҳои зиддисилӣ ҳама навъи ин беморӣ бо пуррагӣ табобат мешавад.

Аз замони ташхис ва муайян намудани беморӣ, новобаста ба шаклҳои он (шушӣ ё ғайришушӣ) он ройгон табобат мешавад. Дору ройгон дастрас мегардад. Дар баробари ин, ҳама гуна ташхис зимни табобат ройгон кафолат дода шудааст.

Давраи пурраи табобат вобастагӣ дорад ба шакли беморӣ. Агар беморӣ ба доруҳои зиддисилӣ ҳассос бошад, табобати ин беморон 6-8 моҳро дар бар мегирад. Агар сили ба доруҳои зиддисилӣ мутобиқгашта бошад, табобати ин 9-12 моҳ ва давомнокии табобати максималӣ 24-26 моҳ тӯл мекашад. Ба ҳисоби миёна табобати сил 18-20 моҳ аст.

-Равиши муваффақи табобати сил кадом аст: муроҷиати саривақтӣ, ғизои солим ё истеъмоли доруҳои зиддисилӣ?

-Натиҷаи босамари табобат ба марҳилаи дарёфти беморӣ, интихоби дурусти реҷаи табобат вобаста аст. Бемор низ бояд реҷаи табобатро риоя намояд. Дар баробари ҳамаи ин, ғизои солим як ҷузъи табобат маҳсуб мешавад.

-Ҳолатҳое ҳастанд, ки шахси бемор ба хотири тағйир наёфтани муносибати арофиён ва тамғагузорӣ нашуданаш, мустақилона ба табобат машғул мешавад. Мавқеи тиб дар ин маврид чи аст?

-Мутаассифона, ҳолатҳое ҳастанд, ки вақте табиб мегӯяд, эҳтимол шумо гирифтори бемории сил ҳастед ва бояд назди силшинос равед, шахс ба хотири тамғагузорӣ нашудан ба табобати худсарона машғул мешавад. Вале ин амал куллан ғалат аст! Агар мехоҳем табобат шавем, бояд реҷаи табобатро риоя намоем. Доруи лозим дошта бошем. Бемор бо як ё ду рӯзи истеъмоли дору ё ба табобати халқӣ машғул шудан ба натиҷа намерасад. Баръакс, ба вазнин шудани ҳолати бемории худ мусоидат менамояд. Бинобар ин, агар шахс аломатҳои бемории силро дар худ ва наздиконаш бинад, бояд ҳатман ба духтур муроҷиат кунад.

-Чанд соли охир барои огоҳии мардум дар мавриди аломатҳои бемории сил таблиғоти густурдае ба роҳ монда шудааст. Пас нисбат ба 10 соли қабл шинохти мардумро ба ин беморӣ чи гуна баҳо медиҳед? Ё то ҳол тамғагузорӣ нисбат ба беморони сил мушоҳида мешавад?

-Гӯш надодан ба ҳар гуна сару садо ва сари вақт аз ташхис гузаштану гирифтани табобат барои комилан шифо ёфтани бемории сил мусоидат менамояд. Тарс аз тамғагузорӣ ҳолати беморро вазнин ва давраи табобатро тӯлонӣ менамояд.

Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар якҷоягӣ бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва дигар шарикони барнома корҳои зиёде анҷом додаанд. Таблиғоти густурда анҷом шудааст ва барои аз байн бурдани доғгузории гирифторони сил аксия-чорабиниҳо гузаронида мешавад, ки натиҷаи хубе ҳам додааст. Имрӯзҳо аксарият бо дидани аломат дар худ ба овозаву ҳарфи атрофиён диққат намедиҳанд. Баръакс, аз духтур машварат мегиранд. Ҳолатҳое низ буданд, ки баъди иштирок дар чорабиниҳои мо ба табиб муроҷиат карда, ба мо мегуфтанд, маълумотро аз чорабиниҳои таблиғотӣ ба даст овардаанд.

-Сабаб чист, ки ҳолатҳои гирифторшавӣ ба бемории сил дар миёни синни 18-44-сола бештар аст?

- Яке аз омилҳо муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Агар бемор бошанд, сироят мекунанд ё аз ҳамроҳону атрофиёни хеш сироят меёбанд. Сироятёбӣ ё паҳншавии сил дар миёни онҳо зиёд аст, чунки бештар дар робита ҳастанд.

Хатари сироятёбӣ ба атрофиёни бемор, муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони нашъаманд ва гирифторони ВНМО бештар аст. Инчунин, синну солҳо 17-18, ки давраи гузариш буда, иммунитет паст мешавад ва агар бо беморони сил алоқа дошта бошанд, хатар бештар мегардад.A-145

Аз солҳои 2007-2008 бемории сил дар саросари кишвар табобат мешавад. Сатҳи нишондоди беморшавии аввалияи аҳолӣ он солҳо 85 нафар ба 100 ҳазор аҳолӣ рост меомад. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ соли 2018 ба 100 ҳазор аҳолӣ 56,7 ҳодиса рост меояд. Яъне, 27-28 ҳодиса нисбат ба солҳои пешин кам шудааст. Ҳамзамон, яке аз нишондодҳои дигар- паст шудани сатҳи фавт аз бемории сил аст. Дар муқоиса ба даҳ соли пеш нишондод 7 ҳодиса ба 100 ҳазор аҳолӣ буд. Соли 2018 ин нишондод ба 2,8-3 ҳодиса ба 100 ҳазор аҳолӣ рост меояд. Яъне, қариб ду баробар кам шудааст.

-Агарчи табобати сил дар саросари кишвар ба роҳ монда шудааст, вале тибқи иттилои Агентии омор, теъдоди духтурони силшинос беш нест. Оё камбуди мутахассисон вуҷуд дорад?

-Яке аз омилҳои беҳ шудани вазъи эпидемиологӣ ва идораи дурусти бемории сил, таъминоти кадрӣ мебошад. Дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 3041 воҳиди корӣ дар ин самт ҷудо шуда, аз ин 580 воҳиди корӣ ба табибон ихтисос дода шудааст. Айни ҳол 258 табиб фаъолият мекунанд ва дар доираи 50 дарсад норасоии мутахассисон вуҷуд дорад. Яке аз омилҳои камбуди мутахассисон сатҳи пасти иҷтимоии онњо буд. Хушбахтона, 29 декабри соли 2018 Қарори Ҳукумати ҶТ оид ба баланд бардоштани маоши вазифавии мутахассисон, ки дар муҳити хатарнок ба саломатї кору фаъолият мекунанд, ба имзо расид. Дар оянда умедворем, ки мутахассисони ҷавон баъди хатми донишгоҳ ба соҳа бармегарданд ва мо дар њолати дастгирии иҷтимоии мутахассисон фаъолиятро боз ҳам беҳтар менамоем.

-Мо низ умедворем. Ташаккур, барои як суҳбати самимӣ!

Мусоҳиб: С.Кабиров

Back to Top