Баргузории форуми иқтисодӣ

 6 августи соли равон Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайт дар Қоҳира Сафири   Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои марбут ба иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки қарор аст дар пойтахти кишвари мо — шаҳри Душанбе 16 октябри 2017 баргузор гардад, баррасӣ шуданд.

Дар ин росто таъкид гардид, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мизбонии нишасти навбатии Форуми мазкур баёнгари эҳтимоми фазояндаи кишвари мо ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои арабӣ мебошад.
Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ аз даъватномаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ӯ дар ҷараёни мулоқоти мазкур супорида шуд, изҳори сипос намуда, иштироки худро дар Форуми Душанбе таъкид кард.

Back to Top