Баландтарин парчами ҷаҳон дар ВМКБ қомат меафрозад

Дар арафаи ҷашни умумиҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ дар маркази ВМКБ ва навоҳии он беш аз 82 иншооти хурду бузург мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Манораи ливои миллӣ аз ҷумлаи ин бунёдкориҳоест, ки як рамзи ҳастии миллату давлатдорӣ маҳсуб ёфта, рӯзҳои наздиктарин дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ қомат хоҳад афрохт.

Пояи он 32 метр, паҳноияш 4,8 метр буда, он дар баландии 1232 метр аз сатҳи баҳр парафшон мегардад.

Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии ВМКБ, ки аз давраҳои пеш онро «Боми ҷаҳон» унвон мекунанду дар баладии беш аз 2 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст, парчами мазкур нафақат дар кишвар, балки дар олам аз баландтарин хоҳад буд.

Ҳамчунин дар гирду аторофи он боғи зебоманзаре бо тарҳи наву замонавӣ бунёд мешавад.

Феълан масъули ин тарҳ Корхонаи алюминийи тоҷик ният дорад то рӯзи 25 июн корҳои сохтмониро пурра ба анҷом расонанд.

Ба гуфтаи Гран Гозариян, роҳбари сохтмончиён, дар бунёди ин манора 18 нафар сохмончии касбӣ ширкат дошта, он дар доираи талаботи замони муосир сохта мешавад.

 

Back to Top