Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 38 нафарро наҷот дод

22. 06.16. Шабонарӯзи охир кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти наҷотдиҳӣ гузарониданд, ки дар натиҷаи он чандин нафар одамон наҷот дода шуданд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» корманди маркази матбуоти кумитаи мазкур Умеда Юсупова хабар дод, аз ҷумла 20 июн наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода амалиёти наҷотдиҳии ангиштканони кони ангишти Шӯробро муваффақона анҷом доданд.
Ба навбатдори Ситоди қисми ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кўҳии шаҳри Хуҷанд хабар оид ба пайдо шудани аломатҳои дуд дар дохили кон ворид гашт.
Бо мақсади пешгирии сӯхтор, наҷотдиҳандагони кумита дар мадди аввал ангиштканонро аз дохили кон берун намуда, дар ҷойҳои лозимии кон деворҳои муҳофизатӣ сохтанд.
Ҳамчунин 20 июн, соати 20:20 ба кумита хабар оид ба он, ки марди 33- сола ҳангоми оббозӣ дар мавзеи манъшудаи дарёи Кофарниҳон дар ноҳияи Рўдакӣ дар миёни об дармондааст, ворид гашт.
Дастаи наҷотдиҳандагони Маркази наҷотдиҳии кумита зуд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, дар як муддати кӯтоҳ шаҳрвандро наҷот дод.
Бояд зикр кард, ки аз аввали соли 2016 аз тарафи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 207 амалиёти наҷотдиҳӣ гузаронида, дар натиҷаи он 38 нафар наҷот дода шуд.

Back to Top