Тоҳир Муъминов аз вазифаи сармураббии “Хайр” озод шуд

54546768Сармураббии тими “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат Тоҳир Муъминов ба истеъфо фиристода шуд. “Хайр” дар ду бозии Ҷоми Тоҷикистон аз дастаи лигаи якум - “Саройкамар”-и Панҷ бо ҳисоби 2:3 шикаст хурда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд.

Баъд аз бозии ҷавобии даври ҳаштякфинал бо “Саройкамар” президенти клуби “Хайр” Қутбиддин Хайров истеъфои Тоҳир Муъминовро эълон кард. “Сабаби бохти даста пеш аз ҳама сармураббӣ аст. Ӯ натавонист дастаро ба бозии ҷавобӣ омода кунад. Барои ҳамин тасмим гирифтам, ки Муъминовро ҷавоб диҳам. Дастаро Исроил Идиев роҳбарӣ хоҳад кард”, - иброз доштааст Қ. Хайров.

 Қайд кардан ба маврид аст, ки барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати соли гузаштаи мамлакат – тими “Хайр” баъд аз даври даҳуми чемпионати имсола бо 19 хол дар ҷои сеюми ҷадвал қарор дорад. Дастаи дар даври 11 меҳмони пешсафи чемпионат – “Истиқлол”-и Душанбе мегардад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ соати 17:00 оғоз мегардад.

Back to Top