Палатаи ҳисоб истифодаи ғайримақсадноки маблағҳоро ошкор кард

a4345Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ дар  давраи ҳисоботӣ истифодаи ғайримақсадноки маблағҳоро ба қадри 86 млн. 66 ҳазор сомонӣ, истифодаи ғайрисамараноки (исрофкорона)-и  маблағҳоро ба қадри 8 млн. 200 ҳазор сомонӣ, захираҳо ва талафи буҷетро аз ҳисоби талафи беасоси захираҳои ташкилоти қарзӣ 28 млн. 500 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби кам ба нақша гирифтани даромадҳо бо сабаби ба инобат нагирифтани манбаъҳои андозбандӣ 25 млн. 152 ҳазор сомонӣ ошкор кардааст. Дар ин бора раиси Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Дилмурод Давлатзода зимни ҷаласаи ҷамъбасти  натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи Палатаи ҳисоб хабар дод. 
Зимни санҷишҳои аудиторӣ 18 млн. 491 ҳазор сомонӣ маблағ ба давлат барқарор  шуд, ки он 21,8 фоизи зарари ошкор кардашударо ташкил медиҳад. Аз маблағи умумӣ ба буҷети давлатӣ 14 млн. 299 ҳазор сомонӣ ва ба корхонаву муассисаҳо 4 млн. 192 ҳазор сомонӣ барқарор шуд. 

Ғайр аз ин, дар натиҷаи чораҷӯии кормандони Палатаи ҳисоб маблағи бақияпулиҳои андоз ба қадри 1 млн. 83 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби қарзҳои дебиторӣ ва зерҳисобии барқароргардида 1 млн. 841 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби зиёдомади молу маводи арзишдор 5 млн. 465 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби дигар манбаъҳо 3 млн. 825 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва корхонаҳои давлатӣ барқарор карда шуда, маблағгузории нақшаҳои хароҷотии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба қадри 556 ҳазор сомонӣ кам карда шуд. 

Back to Top