Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2015-07-22majlisi hukumat 2Имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис, ки бо иштироки аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ сурат гирифт, масъалаи вазъи воқеии офатҳои табиӣ ва иҷрои корҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳои он, ки рўзҳои охир дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат сар зада, боиси хисороти моддӣ ва талафоти ҷонӣ гардид, баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози маҷлис изҳор дошт, бар асари баланд шудани ҳарорати ҳаво, ки боиси об шудани пиряхҳо гардид, инчунин боришоти рўзҳои охир ва баланд шудани сатҳи дарёҳо дар як қатор минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Шуғнон ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рашт обхезӣ ба амал омад.

Сарвари давлат бо таассуф изҳор кард, ки дар баробари расондани хисороти зиёди моддӣ ба минтақаҳо, ин офатҳо боиси ҳалокати одамон гардид. Аз ҷумла, 6 нафар дар ноҳияи Ванҷ ва 1 нафар дар ноҳияи Рашт қурбони ин офатҳо гардиданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ин талафоти ҷонӣ мардуми кишварро бетараф гузошта наметавонад ва Сарвари давлат ба наздикони қурбониёни офати табиӣ изҳори ҳамдардӣ баён кард.   

Дар маҷлис иттилоъ дода шуд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ хисороти моддии офатҳои табиии рўзҳои охир дар тамоми манотиқи кишвар 600 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Шуғнон 72 хона пурра  ва дар ноҳияи Рашт 50 хона пурра ва 15 хона қисман вайрон шудааст. 

Тавре зикр гардид, чунин гарм шудани ҳаво ва боло рафтани оби дарёҳо дар Тоҷикистон охирон маротиба соли 1944 ба қайд гирифта шуда, тайи 70 соли охир бори аввал мушоҳида мегардад. 

Вобаста ба иҷрои корҳо оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва расондани кўмакҳои моддию маънавӣ ба зарардидагон роҳбари комиссияи давлатию ситоди ҷумҳуриявӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳисобот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки аз лаҳзаҳои нахустини сар задани офат бо супориши бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон фавран комиссияи давлатӣ аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату кумитаҳои давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳоло дар маҳалҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рашт фаъолият доранд ва ба мардуми аз офат зарардида кумакҳои саривақтӣ мерасонанд.

Маълум гардид, ки аз офатҳои табии рўзҳои охир сар зада дар маҷмуъ сокинони ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Ванҷи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Рашт, Тавилдара, Ҷиргатол ва ноҳияҳои Айнӣ, Куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд низ зарар дидаанд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдории сокинони зарардидаро расонид. Мардуми минтақаҳои зарардида дар суҳбат бо аъзои комиссияи давлатӣ ва ситоди ҷумҳуриявӣ изҳор доштаанд, ки дар ин лаҳзаҳои пурдаҳшату фоҷеабор онҳо худро танҳо ҳис намекунанд, зеро ҳамаҷониба аз кумаку ғамхории Сарари давлат Эмомалӣ Раҳмон бархурдоранд ва бо дасту дили гарм, инчунин иродаи қавӣ ин мушкилотро якҷоя паси сар мекунанд.

Баъди шунидани ҳисоботи Сарвазири мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, бобати ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ, расондани кумакҳои моддӣ ба зарардидагон, ҷудо кардани замин барои сохтмони  манзил, дастрасии онҳо ба маводи ғизоӣ, доруворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, сўзишворӣ ва дигар маводи ниёзи аввал дастуру супоришҳо дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба комиссияи давлатӣ ва ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ супориш дод, ки хонаҳои харобшуда то 6 ноябри соли 2015 пурра барқарор карда шаванд, то ашхосе, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ бехона мондаанд, соҳиби манзилҳои нав бо тарҳи меъмории хоси ин минтақаҳои мамлакат гарданд. Ҳамзамон, хонаҳои навсохт бояд бо тамоми ашёи рўзгор муҷаҳҳаз ва аҳли ин оилаҳо бо сару либос таъмин карда шаванд. 

Дастур дода шуд, ки тамоми масолеҳи сохтмонӣ ба зарардидагони офатҳои табиӣ аз ҳисоби давлат ройгон таъмин гардонида ва тамоми иншооти зарардида дар муддатҳои кутоҳтарин барқарор карда шаванд. Барои сохтмони манзили зист ба сокинон аллакай аз ҷониби Ҳукумати мамлакат даҳҳо гектар замин ҷудо гардидааст. 

Сарвари давлат супориш дод, ки оилаҳое, ки аз офат манзили зисташон пурра зарар дидааст, дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ ва ба нафароне, ки хонаҳояшон қиман зарар дидааст, дар ҳаҷми 6 ҳазор сомонӣ кумакҳои яквақтаи Президенти Ҷумҳурии Точикистон расонда шавад.

Инчунин ба вазорати молия ва бонки давлатии амонатгузории Точикистон Амонатбонк супориш дода шуд, ки барои зарардидагони офати табиӣ суратҳисоби махсус бо пули миллӣ ва асъори хориҷи кушода шавад, то ин ки мардуми саховатпешаи мамлакат барои бартараф кардани оқибатҳои офат ба ҳамдиёрони хеш кумак намоянд.

Ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илм, Дирексияи сохтмони иншооти хукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Раёсати иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва дигар сохторҳои давлатӣ барои дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бунёд кардани мактаб, бунгоҳи тиббӣ, мағозаи молҳои ниёзи аввал бо нархҳои дастрас ва сохтмони дигар инфрасохтори зарурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳидаи саховатпешаро барои кумак дар бунёди манзилҳои истиқоматӣ барои зарардидагон ва расонидани маводи зарурии рузғор ҳидоят намуд.

Супоришҳои дигар ҳамчунин оид ба пурзӯр кардани корҳои соҳилмутсаҳкамкунӣ ва пешгирии дигар офатҳои табиӣ дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки ҳарчи зудтар хати интиқоли неруи барқ, об, алоқа, роҳу пулҳо ва дигар шароити зарурии гигиенӣ барои сокинони минтақаҳои зарардида таъмин карда шавад.

Корҳои сохтмонӣ дар маҳалли бунёди манзилҳои истиқоматӣ вусъат дода шуда, аз натиҷааш ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод карда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар бораи фаъолияти ҳамарўзаи комиссияи давлатӣ ва ситоди ҷумҳуриявӣ ба масъулини Ҳукумати мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Барои расонидани кумакҳои пулӣ Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, Ширкати Тоҷиксуғурта, сарфи назар аз доштани шартномаи суғурта, Вазорати молия ва дигар ташкилотҳои дахлдор дастур гирифтанд, ки баъди пурра муайян кардани руйхати зарардидагон ҳарчи зудтар маблағҳои иҷтимоӣ дастрас карда шаванд, то ин ки мардум барои рафъи камбудиҳо танқисӣ накашанд.

Масъалаи барқарор кардани ҳуҷҷатҳои гумшудаи сокинон низ аз дастурҳои муҳими Сарари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд. 

Як қатор сохторҳои дигари давлатӣ аз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур гирифтанд, ки барои таҳияи тарҳи меъмории манзилҳои зист, ҳаҷми маводу маҳсулоти зарурии сохтмонӣ, сўзишворӣ, маводи хўрока, сару либос, доруворӣ ва дигар ашёи зарурӣ ба комиссияи давлатӣ ва ситоди ҷумҳуриявӣ дар муҳлатҳои кутоҳтарин маълумот пешниҳод намоянд.

Агентии захираҳои моддӣ ва раёсати иттифоқи Тоҷикматлубот барои захираи ҳарчӣ бештари маводи хурока дар маҳалҳо вазифадор гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Агентии захираҳои моддӣ аллакай қатори мошинҳои пурбор, аз қабили маводи хўрока ва сўзишворию масолеҳи сохтмонӣ ба минтақаҳои зарардида раҳсипор гардидааст.  

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон инчунин супориш доданд, ки барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва таъмиру сохтмони пулҳо лоиҳаҳои мукаммал таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод намоянд, зеро тарҳи пулу роҳҳое, ки замони шуравӣ таҳия ва сохта шудааст, ба талаботи имрўза ҷавобгу нест.

Сарари давлат Эмомалӣ Раҳмон инчунин супориш доданд, ки ҳарчи зудтар ба минтақаҳои аз офат зарардида техникаҳои пуриқтидори зарурӣ сафарбар карда шавад, то ки маҷрои дарёҳо тоза ва дигар иншооти харобгашта, барқарор карда шавад.

Супоришҳои дигар ҳамчунин оид ба пурзур кардани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, пешгирии обхезӣ ва корҳои фаҳмондадиҳию огоҳонидани шаҳрвандон тавассути радио ва телевизион аз хатарҳои офатҳои табиӣ дода шуд.

Back to Top