Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия

21 апрели соли 2024 зимни сафари корӣ ба Димишқ мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Файсал ал-Миқдод доир гардидааст.

Зимни мулоқот густариш ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун, ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ, роҳандозии ҳамкорӣ миёни сохторҳои соҳавӣ баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо инчунин перомуни вазъияти кунунии минтақа ва ҷаҳон табодули афкор намуданд.