Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд

24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Италия дар шаҳри Рим Мудири иҷроияи Ширкати  «ВиБилд»  (WeBuild) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ оид ба ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии  «Роғун» муҳокима гардид.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷараёни сохтмони сарбанди неругоҳ, ки зимни сафарҳои корӣ ба мушоҳида мерасид, андешаронӣ намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки роҳбарияти ширкат тамоми имконияти худро барои дар муҳлати муқарраргардида анҷом додани нақшаҳои корӣ равона менамояд.

Роҳбари ширкати  «Вибилд» (WeBuild) ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иҷрои уҳдадориҳо ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ маълумот дод.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ инчунин оид ба дигар масъалаҳои ҳамкорӣ, тезонидани корҳо ва истифодаи босамари имкону захираҳои мавҷуда табодули андеша намуданд.