Русия квотаро барои донишҷӯёни тоҷик афзун хоҳад кард

11357183 862123980524456 6706959386700580658 o000Бегоҳи дирӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва муҳоҷирони кории муқими Урал, Поволже ва Сибири Федератсияи Русия мулоқот намуд. Дар мулоқот беш аз 150 нафар ҳамватанон, аз ҷумла, зиёда аз 60 донишҷӯи тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии минтақаҳои номбурдаи Русия таҳсил мекунанд, иштирок намуданд.

Президенти кишвар зимни суханронӣ аз пешрафту тараққиёти Тоҷикистон дар солҳои охир ва рушди мунтазами муносиботи накӯи ҳамкорӣ бо Федератсия Русия ёдовар шуда, ҳамватанону ҳамзабононро ба муаррифии шоиста аз фарҳанги волои тоҷикон, рафтору кирдори писандида, аз худ намудани донишҳои муосир ва касбу ҳунари ба талаботи замон мувофиқ ва беш аз ҳама ба ҳушёрию зиракӣ дар муқобили тарғибгарони ғояҳои ифротию иртиҷоии нерӯҳои тахрибкор ҳидоят намуд.

 

 Мужда расонда шуд, ки шумораи квотаҳои Русия барои донишҷӯёни тоҷик афзун хоҳад гардид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ҷиноятҳои ваҳшатноки гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ёдовар шуда, аз ҷумла, таъкид дошт, ҳадафи бунёдгузорон ва роҳбарони ин гурӯҳ бо куштани ҳазорон одамони бегуноҳ, пиронсолон ва занону кӯдакон беобрӯ кардани ислом ва дар дили инсонҳо ҷо кардани тарсу ҳарос аз ин дини муқаддас аст. Ифротгароӣ, хушунат ва даъват ба терроризм хилофи арзишҳои исломӣ ҳастанд ва боиси бадном кардани дини мубини ислом ва сабаби густариши исломҳаросӣ мешаванд. “Ман дар бисёр мулоқоту суханрониҳои худ доим изҳор медорам, ки экстремизму терроризм, зӯровариву хушунат ва қатлу куштор бо дини мубини ислом ягон робита ё умумияте надоранд, зеро ислом дини сулҳу салоҳ ва ойини тараҳҳуму инсондӯстона мебошад”, - гуфт Президенти мамлакат.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарону фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия даъват намуд, ки дар пешгирӣ аз фирефта шудану гумроҳ гардидани ҷавонони тоҷик ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз доми тазвири тарғибгарони маккори ДИИШ фаъол бошанд. Таъкид гардид, ки ҳар як падару модар ва бародарону хоҳарон бояд аз рафтору кирдор ва ҳолатҳои руҳию равонии наздикону пайвандон, ҳамсабақон ва ҳамкасбону ҳамкорони худ бохабар бошанд ва монеи гумроҳшавии нафарони ноогоҳ шаванд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имрӯз дар ҳар минтақаву шаҳрҳои бузурги Русия марказҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикон фаъолият доранд ва шумораи чунин иттиҳодияҳо ҳоло ба зиёда аз 80 расидааст. Изҳори бовар карда шуд, ки тоҷикони муқими Русия тарғибгарони фаъоли арзишҳои волои таъриху фарҳанги бостонӣ ва ибратбахши миллати сарфарози тоҷик гардида, дар таҳким ва густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо минтақаҳои гуногуни кишвари беканори Русия саҳми намоёну пурарзиш мегузоранд.

Back to Top