Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

Убайдуллоев МИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд.

Бо фармонҳои Президенти мамлакат Рустами Эмомалӣ аз вазифаи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия озод ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти 

 

 

Рустами Эмомалимаҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати озод гардидани Расулов Ашурбег Раҳматуллоевич аз вазифаи муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, Самадов Шакарбек Додхоевич аз вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе, Мақсудзода Шӯҳрат аз вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе, Ҳакимов Низом Ҳоҷиевич аз вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе розигӣ доданд.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд аз вазифаи Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, барои таъйин ба вазифаи муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе розигӣ дода шуд.

Назирмадзода Бахтиёр бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Муинӣ Мавсума бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, фаъолияти худро минбаъд ба ҳайси муовинони Раиси шаҳри Душанбе идома хоҳанд дод. Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вазифаи муовини Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардидани Саидзода Қурбон Тағай ва Ҷумазода Фаррух Турақул розигӣ доданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Саиднуриддин Акрам аз вазифаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Қурбонов Аламхон Ҷамилович аз вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Сиёмардзода Сайдамир аз вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод карда шуданд.

      Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Нусратулло Файзулло аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Самӣ Шариф Ҳамид аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун» озод ва бо Фармони Президенти мамлакат иҷрокунандаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъйин карда шуд.

Ҳамчунин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Низом Ҳоҷӣ иҷрокунандаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардид.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа аз вазифаи муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Ҳамчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфаров Наврӯз Ҷунайдуллоевич аз вазифаи муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.

Дар идомаи тағйироти кадрӣ Сардори давлат бо Амри худ Раҷабалӣ Саидвализодаро Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намуданд.

Ҳамаи кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ ва масъули шаҳри Душанбе таъйин гардиданд, ҷавону корозмуда, донандагони забони хориҷӣ буда, дар фаъолияти худ дар соҳаҳои гуногун дараҷаи баланди касбият, малакаи хуби роҳбарӣ нишон дода, дар ҷомеа соҳиби обрӯ ва эҳтиром гардидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи онҳое, ки имрӯз масъулияти роҳбариро дар зинаҳои гуногуни ҳокимияти маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе ба зимма гирифтанд, талаб намуданд, ки дар чаҳорчӯбаи Қонун, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеоянд, фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар шаҳру ноҳияҳои пойтахт боз ҳам пурзӯр намуда, бо дасту дилу нияти пок дар хизмати мардум бошанд.

Садоқат ба Ватан, хизмати софдилона ба мардум, заҳмат ба хотири ободиву сарсабзии пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе, таъминоти аҳолӣ бо нақлиёт, гармӣ, неруи барқ ва дигар ниёзмандиҳои мавриди аввали мардум аз вазифаҳои асосии ҳар як роҳбар ба ҳисоб рафта, бояд дар ин самт назорати ҷиддӣ ва масъулияти баланд эҳсос намоед,- таъкид намуданд Роҳбари давлат дар фарҷоми мулоқот.

Back to Top